Корхонаи ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дошта, корхонаҳои пахтатозакунӣ, аз ҷумла ҶДММ «Зарҳам» 650 тонна ва ҶДММ «Тиллои сафед» 1600 тонна пахтаи хоҷагиҳоро қабул намуда, коркард карда истодаанд.
Тавре аз бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» яке аз корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба коркарди пахта машғул мебошад. Корхонаи мазкур ришта истеҳсол намуда, 15 октябри соли равон дубора фаъол гардид ва 46 нафарро ба кор ҷалб намуд.
Бояд зикр намуд, ки корхона бо ҷалби соҳибкорони хориҷӣ фаъолият дошта, маҳсулоти истеҳсолшуда асосан ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.










ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






