Музаффар Ҳусейнзода Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбековро ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбеков 26 октябр баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба зарурати ҳалли масоили сарҳадӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд. Инчунин пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон Сафири Қирғизистон доир ба тағйироте, ки ҳафтаҳои охир дар сиёсати дохилии он кишвар ба вуҷуд омадааст ва муътадил шудани вазъият дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва эпидемиологии кишвараш маълумот дод.
АКС аз ВКХ ҶТ








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






