ПИРӮЗӢ МУБОРАК! Аксари мутлақи шаҳрвандони Тоҷикистон барои субот, тараққиёт ва ояндаи боз ҳам беҳтари кишвари худ овоз доданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2020 / АМИТ «Ховар» /. Тавре қаблан хабар додем, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ, ки дирӯз, 11 октябр баргузор шуд, бо гирифтани 90,92% овозҳо ғалаба ба даст оварданд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот ҷамъбаст ва баъдтар эълон карда мешаванд, аммо аллакай маълумоти аввалине, ки имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, пирӯзии боэътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон дод.
Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарафдории номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам 127 ҳазору 746 нафар ё худ 3,03%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Раҳматзода Рустам 90 ҳазору 587 нафар ё худ 2,15%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ 49 ҳазору 212 нафар ё худ 1,17%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода 62 ҳазору 853 нафар ё худ 1,49, ба тарафдории номзад аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар ё худ 90,92% овоз додаанд.
Тибқи натиҷаҳои пешакии ҳисоби овозҳо 4 миллиону 221 ҳазору 76 нафар ё худ 85,39% интихобкунандагон иштирок карданд.
Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот нишонаи камолоти фарҳанги баланди сиёсии ҷомеа ва саҳмгузории мардуми шарифи Тоҷикистон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсии мамлакат арзёбӣ мегардад.
Сокинони Тоҷикистон барои 7 соли оянда президент интихоб карданд. Онҳо ба тарафдории сулҳу субот дар ҷомеа, рушди устувори кишвар ва ояндаи беҳтари мардуми он овоз доданд.
Вуруди табрикот ба унвони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай оғоз гардид: «Пирӯзӣ муборак! ..».
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамдигарро шодбош мегӯянд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






