РӮЗИ ҶАҲОНИИ СТАНДАРТҲО. «Тоҷикстандарт» бозори истеъмолиро аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатии инсон хатарнок ҳимоя мекунад

Октябрь 14, 2020 08:59

ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи ҷаҳон ҳамасола 14 октябр Рӯзи байналмилалии стандартҳоро ҷашн мегирад. Агар таърихи ин сана назар андозем, мебинем, ки 74 сол қабл – 14 октябри соли 1946 дар Лондон конференсияи  созмонҳои миллӣ оид ба стандартонӣ баргузор гардид, ки дар кори он  65 вакил аз 25 кишвари ҷаҳон ширкат намуданд. Иштирокдорони конфронс  масъалаи таъсиси  Созмони байналмилалӣ оид ба стандартониро (International  Organization for Standardization (ISO) матраҳ  намуда, қарори марбута қабул намуданд. Дар ин росто соли 1970 Фарук Сунтер,  Президенти ISO пешниҳод намуд, ки 14 октябр ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо таҷлил гардад, то муҳимияти  стандартонӣ барои  иқтисоди ҷаҳон зикр шавад. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин санаро ҳар сол таҷлил менамояд.  Сардори маркази матбуоти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мурод Ашӯров дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки   дар муддати  нуҳ моҳи имсол дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ дар бозору марказҳои савдо ба миқдори 2 миллиону 317 ҳазору 395 килограмм маҳсулоти ғизоии пастсифат ба қайд гирифта шудааст, ки як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ ва боқимондаи он аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷомаашон ба талаботи стандартҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, яъне регламентҳои техникӣ ҷавобгӯ набуданд. Аз ҷумла, аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 450 ҳазору 893 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 158 ҳазору 394 килограмм равғани растанӣ, 17 ҳазору 876 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 25 ҳазору 440 литр нӯшокиҳои ташнагишикан, 43 ҳазору 486 килограмм маҳсулоти қаннодӣ, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуда, мутобиқи тартиби муқарраршуда, нисбат ба воридкунандагони ин маҳсулот тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд.

Агентии “Тоҷикстандарт” мақомоти миллии соҳаи стандартонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта,  узви  Ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартҳо  (ИСО),   Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия (ШБД),    Ташкилоти байналмилалии метрологияи қонунгузор (МОЗМ (OIML)),   Созмони ҳамкории Авруосиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ (COOMET), Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия (МАС),   Созмони байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC) ва  Созмони Осиёи Марказӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар соҳаи метрология, ваколатдиҳӣ ва сертификатсия (САС MAS-Q)  мебошад.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, танҳо тавассути ташхиси дақиқ ва истифодаи усулҳои муосир муайян намудани сифати маҳсулоти воридотӣ ва ватанӣ имконпазир мегардад ва омилҳои пешгирикунанда имкон медиҳанд, ки ҳуқуқи истеъмолкунанда таъмин гардад. Аз ин рӯ 11 сентябри соли 2020 дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави маҷмааи озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва санҷиши воситаҳои ченак, ки бо тарҳи муосир бунёд шудааст, ба истифода дода шуд, ки он  ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ буда, сифатнокии намунаҳои ташхисиро дар кӯтоҳтарин муддат муайян мекунанд.

Коршиноси масоили иқтисодӣ Ҷовид Боймуродов мегӯяд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ баҳри тартиб, ташкил ва мустаҳкам намудани низоми иқтисодии худ пайваста аз рӯйи барномаҳои махсуси давлатӣ ва ҳадафҳои стратегии мамлакат  корҳои  мушаххас анҷом дода истодааст. Мувофиқи ҳадафҳои стратегии давлат яке аз онҳо- ин таъмини амнияти озуқаворӣ аст.

“Имрӯз бозори дохилии истеъмолӣ, хизматрасонӣ ва маишии Тоҷикистонро аз нисф зиёдтар маҳсулоти ватанӣ таъмин намуда истодаанд, ки пеш аз ҳама, молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошанд, ки ин аз пешравиҳо хабар медиҳад”,-зикр кард коршинос.

Азам Аҳруллоев, соҳибкори ҷавоне, ки 4 сол мешавад корхонаи пойафзолбарории  худро таъсис дода, ба бозори мамлакат роҳ ёфтааст, иброз дошт,  ки маҳсулоте, ки онҳо истеҳсол мекунанд, безарар буда, сифати олӣ доранд ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ҳастанд. Номбурда гуфт, ки дар баробари омода намудани пойафзолҳои занонаву мардона кӯшиш доранд, ки ҳамёнҳои хушсифатро бо истифода аз чарми тоза дастраси мизоҷон гардонанд.

Азам Аҳруллоев зикр намуд, ки дар самти фаъолияташон масъалаи нигаронкунандае ҷой дорад, ки  ин дастрасии ашёи хом, аз қабили чарм, пашм ва якчанд навъи матоъҳое мебошад, ки онҳоро аксар вақт аз Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас менамоянд. Вале ӯ умед дорад, ки бо тақозои замон ин мушкилӣ низ дар ҷодаи фаъолият бартараф мегардад.  Мавсуф илова намуд, ки сол то сол соҳаи саноати мамлакат  пеш меравад.

Ёдовар мешавем, ки Агентии “Тоҷикстандарт” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1929 ҷиҳати риояи  стандартҳо дар  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, баланд бардоштани сатҳу сифати мардум  ва дар маҷмӯъ,   барои таъмини амнияти иқтисодии мамлакат таъсис дода шуд.

 София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2020 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 17 миллиард сомониро ташкил медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод