Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио ва АМИТ «Ховар» бо ҳайати нозирони САҲА мулоқот намуданд

Октябрь 9, 2020 15:56

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз вохӯрии Раиси  Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид ва Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқ бо Уилям Романс, муовини роҳбари ҳайати нозирони САҲА, ки бо мақсади назорати рафти омодагӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо қарор дорад, баргузор гардид.  

Нуриддин Саид муовини роҳбари гурӯҳи нозирони САҲА ва ҳайати ҳамроҳи ӯро хайрамақдам гуфта, ҳамкории намояндагони ВАО-ро    бо Дафтари Барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд. Бо баёни шарҳи кутоҳи фаъолияти имрӯзаи шабакаҳои телевизион ва радио дар Тоҷикистон, мавсуф иброз намуд, ки дар қиёс бахши хусусӣ, махсусан дар минтақаҳо аз ҷиҳати теъдод зиёд мебошад.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои фаъолияти Кумитаи телевизион ва радио дар ҷараёни омодагиҳо ба ташкил ва доир намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли равон баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тавре Н.Саид баён кард, тамоми имконоти имрӯзаи Кумитаи телевизион ва радио дар марказ ва минтақаҳо ба инъикоси пурра, шаффоф ва холисонаи маъракаи таблиғотии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Инъикоси рафти вохӯриҳои номзадҳо ва шахсони бовариноки онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муҳайё кардани шароит барои истифодаи вақти ҷудошуда дар эфири телевизиони марказӣ ва радио барои онҳо, аз зумраи дигар корҳое мебошад, ки Кумитаи телевизоин ва радио анҷом дода истодааст.

Бо назардошти мавзӯъ ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳайати САҲА дар рафти мулоқот, Директори АМИТ «Ховар» С. Сиддиқ зикр  кард, ки дар тамоми давраи тайёрӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ Агентӣ дар ҳамкории наздик бо КМИР ҶТ фаъолият дорад. Агентӣ нашр ва пахши  саривақтии хабару гузоришҳоро дар сомона ва Радиои «FM Ховар» оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо таъмин ва суҳбатҳои алоҳидаро бо ҳар як номзад доир намуда, пешкаши хонандагон ва шунавандагон гардонид.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо идомаи ҳамкории судманд дар  баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби минбаъдаи ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳои муҳими сиёсиро дар фазои озод, шаффоф, демократӣ ва бо иштироки васеи интихобкунандагон чун калиди якдигарфаҳмӣ, таъмини пешрафт ва сулҳу суботи саросарӣ муҳим донистанд.

Октябрь 9, 2020 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш