Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаро ба муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ супорид
ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Риёз маросими супоридани нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 6 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Аззом ибни Абдулкарим Ал-Қайн супорид.
Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома Сафир бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқоти судманд анҷом дод. Дар он масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва роҳҳои густариши онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС аз ВКХ ҶТ








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






