СММ таназзули тиҷорати ҷаҳониро соли 2020 то 7-9% пешбинӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Таназзули тиҷорати ҷаҳонӣ бар асари пандемияи коронавирус дар соли 2020 нисбат ба соли гузашта 7-9% -ро ташкил хоҳад дод. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, ин пешгӯӣ рӯзи чоршанбе, 21 октябр дар Конфронси СММ оид ба тиҷорат ва рушд (ЮНКТАД) иброз гардид.
«Сарфи назар аз нишонаҳои барқароршавӣ, дар семоҳаи сеюм ЮНКТАД таназзули тиҷорати ҷаҳониро дар соли 2020 дар ҳаҷми аз 7 то 9% пешгӯӣ мекунад», — зикр шудааст дар бюллетени ин созмон.
Ҳангоми ҷамъбасти семоҳаи сеюми соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиши тиҷорати ҷаҳонӣ то панҷ фоиз ба қайд гирифта шуд. Аммо ин натиҷа назар ба семоҳаи дуввум, ки коҳиш ба 19% расида буд, ба таври назаррас беҳтар аст, шарҳ медиҳанд коршиносон. Тибқи пешгӯиҳои пешакӣ, дар семоҳаи чорум тиҷорати ҷаҳонӣ аз минтақаи сурх баромада наметавонад ва нисбат ба семоҳаи чоруми 2019 3% камтар хоҳад буд.
ЮНКТАД ба «ҷоннокшавии қобили мулоҳизаи тиҷорат дар Чин» таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. «Содироти ин кишвар, ки дар моҳҳои нахустини пандемия ба коҳиш мувоҷеҳ шуд, дар семоҳаи дуюм мӯътадил ва дар семоҳаи сеюм хеле афзоиш ёфт», — зикр шудааст дар бюллетен. Коршиносон суръати афзоиши тиҷоратро дар Чин то охири соли 2020 тақрибан 10% пешгӯӣ мекунанд. «Дар тафовут бо дигар иқтисодҳои бузург, воридоти Чин дар моҳҳои июл ва август ба эътидол омад ва моҳи сентябр 13% афзоиш ёфт», — зикр намуданд дар ЮНКТАД.
Тиҷорати маводи тиббии зарурӣ барои мубориза бо коронавирус аз моҳи апрел ба ҳисоби миёна беш аз 50% афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол кишварҳое, ки даромадашон ба сари аҳолӣ баланд мебошад, аз ин афзоиш бештар фоида бурдаанд, -омадааст дар бюллетен.
АКС аз бойгонӣ








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






