Масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 28 май Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири федералии нақлиёт, ҳамзамон масъули сармоягузорӣ ва хусусигардонии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Алим Хан вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Таъкид шуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни давлатҳо рушд ёфта, муносибатҳо ба сатҳи олӣ баромаданд.
Зимни вохӯрӣ Завқӣ Завқизода имконияти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус соҳаҳои саноат, аз ҷумла нассоҷӣ, истихроҷи маъдан ва энергетикаро муаррифӣ намуда, дархост намуд, ки ширкатҳои покистонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд, ки он хуш пазируфта шуд.
Илова бар ин ҷонибҳо барои истифодаи долонҳои нақлиётии ҳарду давлат изҳори омодагӣ намуданд. Вазири федералии нақлиёти Покистон иброз дошт, ки Покистон омода аст роҳҳои транзитии Тоҷикистонро ҳамчун дарвоза барои баромадан ба бозорҳои Осиёи Марказӣ истифода намояд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо баҳри афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба ва истифодаи пурраи имконияти ҳарду давлат омодагиашонро иброз намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»
Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»
Дар Душанбе оид ба Стратегияи рақамии дигаргунсозии системаҳои агроозуқаворӣ ҷаласа доир шуд
Раймунд Йелле: «Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нақши муҳим дорад»
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо намояндагони пешбари ширкатҳои технологии чинӣ вохӯрӣ намуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ идома дорад
Доир ба робитаи байни захираҳои обӣ, энергетика, озуқаворӣ ва экосистемаҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаласа баргузор шуд
Дар Брюссел ҳамкории Тоҷикистон ва Белгия дар соҳаи андоз баррасӣ гардид
Мудири кулли ФАО: «Дар самти истифодаи самараноки захираҳои табиии обу замин бояд оқилона муносибат кард»
Иқтидори кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар «Dushanbe EXPO Centre» ба маърази тамошо гузошта шуд






