Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим раиси Комиссияи миллии ТРАСЕКА таъйин шуд

Октябрь 21, 2020 12:14

ДУШАНБЕ, 21.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳамзамон раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар Долони байналмилалии нақлиётии Аврупо – Осиё – Қафқоз, Қафқоз — Осиё – (ТРАСЕКА) таъйин гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад.

Номзадии Вазири нақлиёт ба ҳайси раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар ТРАСЕКА бо дарназардошти тағйироти кадрӣ дар Вазорати нақлиёт аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода пешниҳод гардида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ин пешниҳод  ҷонибдорӣ ёфт.

ТРАСЕКА (ТRACECA – Transport Corridor Europe Caucasus Asia)  — ин ягона лоиҳаи долони нақлиётии АвруОсиёӣ дар самти Ғарб-Шарқ аз Аврупо буда, бо убур аз баҳри Сиёҳ, тавассути Қафқоз ва баҳри Каспий ба Осиёи Марказӣ ворид мешавад. Ин лоиҳа аз ҷониби сохторҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Иттиҳоди Аврупо дастгирии назарраси молиявӣ, ташкилӣ ва техникӣ ёфтааст.

Барномаи ТРАСЕКА соли 1993 дар асоси Эъломияи Брюссел бо иштироки Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд ва дере нагузашта, Молдова, Муғулистон ва Украина шомил шуданд. Соли 2000 — Туркия, Руминияву Булғористон ва соли 2009 — Эрон ба ин барнома ҳамроҳ шуданд.

Ҳар яке аз ин кишварҳо “Котиби миллии ТРАСЕКА» ва инчунин «Комиссияи миллии ТРАСЕКА» -и худро доранд, ки онро одатан роҳбари яке аз вазоратҳои соҳавӣ ё муовини сарвазири кишвар роҳбарӣ мекунад.

Ҳадафи Барномаи ТРАСЕКА- ин кумак ба кишварҳои тозаистиқлоли Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ дар барқарорсозии инфрасохтори нақлиётӣ, ташкили долони кӯтоҳтарини нақлиётӣ, ки Аврупо ва Осиёро пайваста, ҳамгироии минтақаро бо Ғарб таъмин месозад, инчунин бунёди системаи боэътимоди нақлиётӣ, ки ба татбиқи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо  барои барқарор ва рушди иқтисодиёти ин давлатҳо равона шудаанд, мебошад.

Ёдовар мешавем, ки барнома аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.

Октябрь 21, 2020 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд