Вазорати тандурустии Россия тавсияҳои навшудаи табобати COVID-19-ро нашр кард

Октябрь 27, 2020 09:35

ДУШАНБЕ, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустии Россия тавсияҳои навшудаи табобати COVID-19-ро нашр кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ин санад дар сомонаи вазорати  мазкур  интишор ёфтааст.

Ба рӯйхати доруҳое, ки барои табобати коронавирус тавсия шудаанд, шаш дору шомиланд: фавипиравир, гидроксихлорохин, азитромитсин (дар якҷоягӣ бо гидроксихлорохин), доруҳои интерферон-алфа, инчунин ремдесивир, умифеновир.

Вазорат илова кардааст, ки маълумоти дар айни замон мавҷуда дар бораи натиҷаҳои табобат бо истифодаи тамоми доруҳо имкон намедиҳад, ки дар бораи самаранокӣ ё бесамарии онҳо хулосаи ниҳоӣ бароварда шавад. Зикр шудааст, ки иҷозати истифодаи доруҳо бо қарори комиссияи тиббӣ дода мешавад, агар фоидаи потенсиалӣ барои бемор аз хатари истифодаи онҳо зиёдтар бошад.

Пештар аз ин аз тавсияҳо оид ба табобати COVID-19 Вазорати тандурустии Федератсияи Россия ду доруеро, ки самаранокӣ нишон надода буданд, хориҷ карда буд. Сухан дар бораи доруҳои лопинавир ва ритонавир меравад.

                                                                                                    Акси ТАСС

Октябрь 27, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»