ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Филиали «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» барои ин мавсим дар ҳаҷми зарурӣ мавод захира намудааст
ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филиали ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба мавсими тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ гирифта, то имрӯз барои фаъолияти муназзам ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок дар ин давра 14820 тонна маводи зидди лағжиш, 69 тонна ангишт, 151000 литр сӯзишворӣ (солярка ва бензин) ва дар ҳаҷми зарурӣ равғанҳои молиданиву либоси зимистона барои коргарон захира намудааст.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло иттилоъ дод.
Номбурда зикр кард, ки филиали ширкат бо техникаҳои марбут ба давраи зимистон таъмин гардида, ҳолати техникиашон ба талабот ҷавобгӯ мебошад.
Бо бунёд ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳи Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Бӯстон-Чанок ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар ҳама фасли сол байни пойтахти мамлакат ва вилояти Суғд таъмин гардид. Он ҳамчунин барои робитаҳои нақлиётии давлатҳои ҳамсояи ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо шароити мусоид фароҳам овард.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе-Чанок мавриди амал қарор дода, тибқи шартномаи консессионӣ, нигоҳдории шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Чанокро ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намуд.
Интихоби ин ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид.
Мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе-Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол таъмин аст. Маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони филиали ширкат роҳи мазкур умуман баста набуд. Мавҷудияти 210 мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд, далели возеҳи он аст, ки ширкат дар иҷрои рисолат хеле фаъол аст. Маҳз мавҷудияти ҳамин гуна техникаҳои пуриқтидор замина фароҳам овард, ки ҳатто рӯзҳои сербориши фасли зимистон ва тармафароии зиёд ҳаракати нақлиёт аз тариқи роҳи зикршуда таъмин гардад.
Бо афзун гаштани ҳаракати нақлиёт дар роҳ иншооти хизматрасонӣ низ зиёд шуда, аҳолии деҳоте, ки ба роҳҳо наздиканд, ба худ ҷойи кор пайдо карданд. Мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон», ки нигоҳдориаш ба зиммаи филиали ширкат вогузор аст, роҳи мошингарди Душанбе -Айнӣ-Истаравшан -Хуҷанд -Бӯстон -Чанок ба шабакаи ягонаи коммуникатсионӣ табдил ёфта, ҳаракати мошинҳои сабукраву боркаш дар ҳама фасли сол ба самти пойтахт ва вилояти Суғд таъмин гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло низоми гуногуни имтиёзҳо барои аҳолии шафати роҳ мавриди амал аст, ки маблағи ниҳоӣ ба 50 фоиз аз нархномаи муқарраргардида баробар мебошад.








КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид






