Валиҷон Олимзода, муовини сардори Раёсати МТС-и назди Президенти ҶТ: «Ҷойи ифтихор аст, ки Қонуни асосии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон номбар мешавад»
ДУШАНБЕ, 06.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуда, он яке аз идҳои асосии миллии мо маҳсуб меёбад. Расо 25 сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.