Абдураҳмон Хонзода: «Парчами давлатӣ ҳамчун рамз таърихи рангину деринро дорост»

Ноябрь 24, 2020 13:36

ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Инсоният дар таърихи тӯлонии хеш вобаста ба вазъу ҳолатҳои гуногун ва печида ба ҳадафҳо ва азму иродааш рамзҳои зиёдеро эҷод ва корбаст намудааст. Ва аз ин миён парчам ҳамчун рамз таърихе рангинтару деринтареро дорост. Бостоншиносон истифодаи онро ҳанӯз дар солҳои то милод таъкид ва собит намудаанд. Парчам бо гузашти айём ҳамчун рамз ончунон мавқеяшро устувор кардааст, ки имрӯз ҳеҷ давлатеро наметавон бидуни он тасаввур кард. Вобаста ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Моҳинави НАВРӮЗ бо  роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ Абдураҳмон ХОНЗОДА суҳбат намуд, ки фишурдаи онро манзури хонандагони сомона  мегардонем.

АМИТ «Ховар»: Парчам чӣ  гуна рамз асту чӣ таърихеро пушти сар гузоштааст ва назари муҳаққиқон дар ин маврид чиро бозгӯй мекунад?

А. Хонзода: Аслан, парчам дар саросари ҷаҳон рамзи маъруфу бостонист. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, сароғоз парчам бештар чун рамзи нерую тавоноӣ, лашкаркашию кишваркушоӣ пазируфта шудааст. Муҳаққиқон ҳам бар он назаранд, ки барои ҳамчун рамзи давлатӣ пазируфта шудани парчам соҳаи ҳарбӣ нақши муҳим бозидааст. Аз аҳди бостон парчам ифодагари маркази лашкар, мавқеи сарлашкар ва нерубахшу ҳидоятгари сарбозон ба пирӯзӣ будааст. Парчамдор аз ҳисоби сарбозони далеру шуҷоъ ва матинирода пазируфта мешуд. Парчам ифодагари шарафу қудрат ва нангу номуси лашкар буд. Забти парчами ҳар лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирӯзӣ бар онро дошт. Фориғ аз сафкашию ҳарб парчами лашкар ба таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорату ҳимоят мешуд ва ин анъана то ба имрӯз боқист.

Бино ба ҳикояти муаллифи «Шоҳнома», Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳоки морон, ки дар радифи ҷавонони зиёди кишвар ҳабдаҳ писари ӯро низ тӯъмаи моронаш карда буд, ба дод омада, ба рағми ин шоҳи хунхор мешӯрад ва пешбанди чармии хешро бар сари найза кашида, халоиқро ба шӯриш даъват мекунад ва ба пирӯзӣ мерасад. Ба ин васила шоҳ Фаридун ба сари тахт меояд ва он пешбанди Коваи музаффарро «Ковиёнӣ дирафш» (дирафши Ковиёнӣ) мехонаду бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад. Бояд гуфт, ки дурафш (шакли дигараш дирафш) аз муродифҳои бостонии парчам аст. Дар умум аслан парчам дар саросари ҷаҳон рамзи маъруфу бостонист.

АМИТ «Ховар»:  Тавре медонем, парчами мо марҳилаҳои гуногуни таърихиро бо номҳои гуногун паси сар кардааст ва дар замони соҳибистиқлолӣ бо номи парчам машҳур гаштааст. Чаро на дигар вожаҳо, балки маҳз вожаи парчам барои ин  рамзи давлатӣ қабул гардид?

 А. Хонзода: Воқеан ҳам дар фарҳангу луғатномаҳо ва осори бадеӣ муродифҳои зиёди вожаи парчам истифода шудаанд, ки аз ин миён шаш вожаи зерин бештар маъруфанд: дирафш (дурафш), алам, ливо, байрақ, парчам, роят. Вожаи сермаъною тоҷикиасли дирафш аз куҳантарин муродифҳои парчам мебошад ва пас аз он дар адабиёти классикиямон вожаи арабии алам дар истифода бартарӣ ёфта, дар осори боқимондаи устод Рӯдакӣ ба сифати муродифи парчам вожаҳои алам, дирафш ва роят омадаанд. Маъмултарин муродифи парчам дар адабиёти классикиямон вожаи алам аст. Пас аз Инқилоби Октябр (1917) дар силсилаи муродифҳои парчам вожаи туркии байрақ афзалият пайдо кард. Ибораҳои байрақи сурх, Байрақи Октябр, байрақи зафар, Байрақи сурхи меҳнат зуд маъмул гаштанд. Вожаҳои муродифии дирафш ва парчам вожаҳои ноби тоҷикӣ мебошанд ва аз вожаҳои байрақ, алам, ливо ва роят бо ҳамин вижагии умдаашон бартарӣ доранд.

Бояд гуфт, ки вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ – Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ дар сари пазириши тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол баҳс оростанд, табодули афкор карданд, мулоҳизоти мутахассисонро ба инобат гирифтанд ва ниҳоят «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин тавр, 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ — Парчами давлатӣ гардид. Вакилони мардумӣ барои ифодаи номи ин рамз аз байни силсилавожаҳои муродифӣ маҳз вожаи қадимию тоҷикии парчамро пазируфтанд ва ба ин васила боз як нобвожаи тоҷикиро эҳёву сари забонҳо намуданд ва дуруст ҳам карданд, вале фарҳангҳои мӯътабар гувоҳ бар онанд, ки вожаи парчам ба маънӣ аз вожаҳои дирафш ва аламу ливо андаке дигаргуна аст. Вале аз ин ҳама тобиши дигаргунаи вожаи парчам боке не. Муҳим он аст, ки ин вожа соф тоҷикист ва бо дирафш иртиботи қавӣ дорад, аз ибтидо як ҷузъи такмилбахши дирафш будааст ва ин иртиботу такмилбахшӣ то ба ҳадде расид, ки тадриҷан вожаи парчам ифодагари маънии дирафш (алам, ливо…) гардидааст ва имрӯз, хушбахтона, муродифҳои туркию арабии худро мағлуб намуда, ба пирӯзии комил расидааст.

Дар хотима метавон гуфт, ки имрӯз парафшонии Парчами давлатӣ мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва саодату садоқати сокинон ба Ватан – Модар гардида, моро ба сӯи музаффарияту дастовардҳои навин ҳидоят менамояд.

Ноябрь 24, 2020 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд