Барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои муҳайё намудани ҷойҳои кории нав мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Барномаи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва якчанд барномаҳои рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла рушди металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати хӯрокворӣ, соҳаи мошинсозӣ, саноати сабук, соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилларо то давраи соли 2025 таҳия намудааст, ки айни замон мавриди амал қарор доранд. Ин барномаҳо барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва коҳиш додани шиддати омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт равона гардидаанд.
Ҳадафи пешниҳоди барномаҳои мазкур фароҳам овардани замина барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо, бунёди корхонаҳои нав, ташкили кластерҳои саноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, ташкили сарчашмаҳои нави андозбандӣ, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав, тақвияти истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда ва зиёд намудани ҳаҷми содирот мебошад.
Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мувофиқи «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ташкили кластерҳои саноатӣ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, фармасевтика, химия, коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он, истеҳсоли маҳсулот аз сангҳои қиматбаҳо ва заргарӣ афзалият дода шудааст.
Бо мақсади иҷрои саривақтии муқаррароти ин Барнома ва Матритсаи амалиёти он гурӯҳи кории байниидоравӣ низ ташкил карда шудааст.








Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд






