Бозорҳои «Тоҷикматлубот» мувозинати нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро нигоҳ медоранд

Ноябрь 11, 2020 14:32

РӮДАКӢ, 11.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Кормандони “Бозори Ганҷ”-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳамарӯза мувозинати нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро назорат бурда, соҳибкорони  бозорҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ноҳия маҳсулоти заруриро бо нархҳои дастрас  ба шаҳрвандон пешниҳод менамоянд.  

Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, имрӯзҳо соҳибкорон дар бозорҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ноҳия Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат 50 кг орди навъи якумро бо нархи аз 240 то 250 сомонӣ, 50 кг орди навъи дуюмро аз 230 то 235 сомонӣ, 1 литр равғани пахтаро 15 сомонӣ, 1 литр равғани растаниро 18 сомонӣ, 1 кг шакарро аз 8,50 то 9 сомонӣ, 1 кг гӯштро аз 48 то 55 сомонӣ, 1 кг биринҷро аз 9 то 14 сомонӣ, макаронро аз 7 то 10 сомонӣ, 1 дона тухмро аз 93 дирам то 1 сомонӣ, картошкаро аз 2,90 то 3 сомонию 20 дирам, сабзиро то 1 сомонию 50 дирам  ва пиёзро аз 1,70 то 2 сомонӣ ба сокинон пешниҳод менамоянд.

Масъулини бозорҳои мазкур гуфтанд, ки ҳамарӯза дар байни фурӯшандагон барои танзими нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал  корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баланд гардидани нархи маҳсулотро то андозае нигоҳ доранд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо бо мақсади пешгирии болоравии нархи маводи озуқа ва таъмин намудани аҳолии мамлакат  бо маҳсулоти босифат дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуда истодаанд.

 

Ноябрь 11, 2020 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд