Дар Хуҷанд ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баргузор гардид

Ноябрь 28, 2020 10:44

 ДУШАНБЕ, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 ноябр дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Тоҷикистон муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва дигар кормандони масъули Вазорат  ва аз ҷониби Ӯзбекистон муовини Вазири нақлиёти Ӯзбекистон Даврон Деҳқонов ва дигар масъулин ширкат варзиданд.

Зимни ҷаласа  масоили  ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, кушодани хатсайрҳои иловагии байналмилалӣ дар самти мусофирбарӣ ва транзит,  ворид намудани тағйирот ба Созишномаи амалкунанда бо мақсади содагардонии раванди  ҳамлу нақл бо нақлиёти автомобилӣ, мубодилаи  рухсатномаҳо барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар соли 2021, мубодилаи таҷриба оид ба ҷорӣ намудани  рақамикунонӣ дар нақлиёт ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сипас оид ба масоили муҳокимашаванда Протокол ба имзо расид, ки онро аз ҷониби Тоҷикистон муовини Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шоиста Саидмуродзода ва аз тарафи Ӯзбекистон муовини вазири нақлиёт Даврон Деҳқонов ба имзо расониданд.

Ноябрь 28, 2020 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад