Иҷлосияи 32-юм ва Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ба таври онлайн ҷараён дорад

Ноябрь 3, 2020 14:41

ДУШАНБЕ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Аз  2 то 4 ноябр Иҷлосияи 32-юм ва Конфронси минтақавии  Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ  тариқи бархат (онлайн) баргузор гардида истодааст, ки дар он муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода иштирок намуда, сухан гуфт.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.

Дар конфронси мазкур масъалаҳои таъмини амнияти устувори озуқаворӣ ва ғизо тавассути ислоҳоти институтсионалӣ, таҳкими иқтидор ва дастгирӣ барои таҳия ва татбиқи сиёсати амнияти миллии озуқаворӣ, истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва эҷоди устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, таъмини самаранокии устувори кишоварзӣ ва рақобатпазирӣ муҳокима шуданд.

Дар ҷараёни он мавзӯи «Роҳҳои ҳалли фаъолият барои ҷавонон, шуғл ва рушд дар минтақаҳои деҳот дар робита ба Даҳсолаи хоҷагидории оилавии СММ» мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.

Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) форуми расмӣ буда, дар он вазирони кишоварзӣ ва мақомоти баландпояи давлатҳои аъзои СММ (ФАО) ва як минтақаи ҷуғрофӣ сухан мегӯянд.

Ҳадаф аз баргузории чунин Конфронси минтақавӣ таҳияи ҳамоҳангии масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар сиёсати кишоварзӣ, мушкилот ва масъалаҳои афзалиятноки марбут ба бехатарии озуқаворӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Дар ҷараёни баргузории конфронс иштирокдорон ба мувофиқа расиданд, ки Конфронси сатҳи баланди навбатии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) моҳи июли соли 2021 баргузор карда шавад ва  ташаббуси «Даст ба даст»-и СММ (ФАО) дар чорабинии мазкур пешниҳод ва мавриди муҳокима қарор дода шавад.

Ноябрь 3, 2020 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад