«ИҚТИСОДИ САБЗ ВА МАВҚЕИ ОН ДАР ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Данғара конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид

Ноябрь 29, 2020 10:22

ДУШАНБЕ, 29.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27-28 норябри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии Данғара конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — амалӣ дар мавзӯи “Иқтисоди сабз ва мавқеи он дар тағйирёбии иқлим” бахшида ба солҳои 2020-2040 эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки олимону муҳақиқони соҳа баргузор гардид.

Нахуст дар кори конфронс Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нуралӣ Шоҳиён   суханронӣ намуда,   иброз дошт, ки тавваҷуҳи  аввалинидараҷа зоҳир намудан ба соҳаҳои илму маориф, амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир  ба  татбиқи  “Барономаи рушд ва омузишӣ илмҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ барои солҳои 2020-2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, такмил додани низоми таҳсилот ва фароҳам  овардани заминаи мусоид ҷиҳати касбу ҳунаромӯзии донишҷӯён, таъмин намудани робитаи илм бо истеҳсолот ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш миёни муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ, ҳамоҳангсозии  корҳои илмиву таҳқиқоти муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касби кишвар, тавсеа додани ҳамкориҳои илмӣ доир ба масъалаҳои глобалӣ, тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва масъалаҳои марбут ба об дар сайёра, инчунин ҳавасмандгардонии ихтироъкорӣ ва навоварӣ миёни донишҷӯён аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои маорифпарвари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Барои расидан ба ҳадафҳои мазкур дар  Донишгоҳи давлатии Данғара нақшаҳои зиёдеро тарҳрезӣ ва мавриди  амал қарор додаанд, ки гуруҳбандӣ намудани донишҷӯён бо назардошти маҳфилҳои фаннӣ, гузаронидани мусобиқаҳои зеҳнӣ, бозиҳои расмӣ-касбии “Донишҷӯ бо беҳтарин донишҳои фанҳои дақиқ”  (математика, физика, химия, билогия, инфоратика  ва дигар фанҳо), ҳар ду моҳ гузаронидани олимпиадаҳои дохилифакултетӣ ва дохилидонишгоҳӣ ҷиҳати омода намудани донишҷӯён барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва ғайра аз қабили онҳост.

Дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- амалӣ дар мавзӯи “Иқтисоди сабз ва мавқеи он дар тағйирёбии иқлим” маърӯзаҳои илмии донишмандон  аз ҷумла профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Раҳматзода Н.Д., профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмихудоев Г., мутахассисони соҳа Расулов Б.Р. ва Улуғов О.П.шунида шуданд.

Ёдовар мешавем, конференсия аз ду бахш “Таъсири тағйирёбии иқлим ба олами наботот, ҳайвонот ва инсон” ва “Ҳолати гуногунии олами наботот вароҳҳои агроэкологии муҳофизати растаниҳо” иборат буд.

Ноябрь 29, 2020 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид