Имзои санади ҳамкорӣ байни МОИ «Кӯлоб» ва «Korean Smart Technology Association»

Ноябрь 17, 2020 09:04

 ДУШАНБЕ, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Байни Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Korean Smart Technology  Association»-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Интизор меравад, ки дар заминаи санади мазкур ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сармояи кореягӣ ҷиҳати ташкили технопарки муосир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои сохтмон, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҷалб карда шавад.

Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, санади мазкур дар ҷараёни вохӯрии роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва «Данғара» бо ҳайати сармоягузорону соҳибкорони Ҷумҳурии Корея, ки дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир гардид, ба имзо расонида шуд.  Ҳадафи вохӯрӣ  тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни бахши хусусии ду давлат, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт мебошад.

Аз ҷониби масъулини Кумита ба иштирокчиёни ҷаласа рӯнамо оид ба имконоти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорону сармоягузорони Корея пешниҳод карда шуд. Инчунин аз сӯи маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва «Данғара» имконияти сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории онҳо муаррифӣ гардида, аз ҷониби кореягӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда шуд.

Ноябрь 17, 2020 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд