ЛИМӮҲОИ МАШҲУРИ ТОҶИКӢ: ТАҶРИБАИ САДСОЛАҲО. Дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосил идома дорад

Ноябрь 2, 2020 17:14

ДУШАНБЕ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷануби вилояти Хатлон, дар шаҳраки Ҷалолиддини Балхӣ, дар майдони беш аз 10 гектар лимӯи машҳури тоҷикӣ парвариш карда мешавад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Тоҷикистон».

Деҳқонони ҷамоати Калинин зикр мекунанд, ки дар гармхонаҳои онҳо ин навъи растанӣ  хеле хуб нашъу намо мекунад.

Дар тӯли солҳои таҷриба, селексионерҳои маҳаллӣ муваффақ шуданд, ки навъи ситрусиҳои ба таъсири беруна тобовар ихтироъ кунанд ва на танҳо таҷрибаи худ, балки ниҳолҳои дарахтони лимӯро низ ба хоҷагиҳои дигар интиқол диҳанд.

Деҳқон Муродбек Ятимов 50 сол боз дар хоҷагӣ кор мекунад ва тамоми асрори парвариши лимӯи муфиди тоҷикиро медонад.

Ба гуфтаи раиси Ҷамоати деҳоти Калинин Носирҷон Пиров, имсол ҳосили лимӯ пурра пухта расидааст ва заҳматкашон ҷамъоварии онро идома медиҳанд, қисме аз меваҳо аллакай дар бозорҳои мамлакат ба фурӯш  бароварда шудаанд.

«Лимӯи ба зимистон тобовар — ифтихори деҳқонони маҳаллист. Як замон ин навъ “Мейер” ном дошт. Беҳтар аз ҳама, он дар вилояти Хатлон нашъу намо  мекунад. Дар тӯли 80 соли парвариш он ба худ номи “Хатлонӣ” гирифт. Меваҳои он калонанд, пӯстлохи зарди торик доранд ва мағзи он бӯи қавӣ ва таъми ширин дорад», — гуфт хабарнигори ТВ» МИР-24 «.

«Сифатҳои афзалиятноки “Хатлонӣ” бо ин анҷом намеёбанд. Он ҳосили хеле калон медиҳад — аз даҳ сотих ду тонна. Дар як сол чанд маротиба ҳосил медиҳад», — мегӯяд боғбон Зоир Идиев зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионӣ.

Хотиррасон мекунем, ки дар Тоҷикистон беш аз сад сол инҷониб лимӯ парвариш карда мешавад. Имрӯз дар қаламрави мамлакат  қариб 2 ҳазор гектарро боғҳои лимӯпарварӣ ишғол намудаанд, ки ҳар сол зиёда аз 50 ҳазор тонна ҳосил медиҳанд.

Лимӯҳои тоҷикӣ бо пӯсти тунук ва бӯи хуши худ фарқ дошта, талабот ба онҳо дар хориҷа хеле зиёд аст. Қисми зиёди ҳосилро тоҷикистониён  ба кишварҳои шимол, аз қабили Россия, Чин ва Қазоқистон содир мекунанд.

Ҳосили лимӯ дар Тоҷикистон аз охири моҳи октябр то охири декабр ҷамъоварӣ ва тақрибан нисфи он ба хориҷи мамлакат  содир мешавад.

Ноябрь 2, 2020 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд