«Мактаби таҷриба»-ҳо бо иштироки нахустин наттоқи тоҷик доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион, ки ҳамасола 21 ноябр ҷашн гирифта мешавад, 20 ноябр дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон ҳамоиши «Мактаби таҷрибаҳо» бо иштироки аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон, Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, наттоқи дараҷаи олӣ Рафоат Абдусаломова доир гардид.
Дар оғози вохӯрӣ директори Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода таъкид намуд, ки “Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон, ки бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 марти соли 2016 ба фаъолият оғоз кардааст, яке аз ҳадафҳои худро дар ташкил намудани мулоқоту суҳбатҳо бо собиқадорони соҳа мебинад. Мо лоиҳае дорем бо номи «Мактаби таҷрибаҳо», ки дар он собиқадорони соҳа аз радио, телевизион ва нашрияҳо бо донишчуён бевосита суҳбат ва аз таҷрибаи худ нақл мекунанд. Собиқадорон пайроҳаи эҷодии худро барои шумо бори дигар тавзеҳ медиҳанд ва ҳамчунин маслиҳату тавсияҳои худро барои рушди журналистика ва омода намудани мутахассисон барои мо арзонӣ медоранд”.
Рафоат Абдусаломова ба ҳозирон аз ҳаёту фаъолияти пурсамари хеш, рӯзҳои аввали ба телевизион омадан нақл намуд. Вай аз ҷумла гуфт, ки соли 1959 нахустин барномаи Телевизиони тоҷик пахш гардид.
“Ба ман муяссар шуд, ки барномаи аввалинро ба бинандагон пешкаш намоям. Агар ман даҳ сол ба ҳайси наттоқ кор карда бошам, боқӣ сӣ соли дигар ҳамчун эҷодкор дар телевизион фаъолият намудам, лекин то имрӯз маро касе бинад, ана наттоқ гуфта, муроҷиат мекунанд. Ман аз ин ифтихор мекунам”,-мегӯяд Рафоат Абдусаломова.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






