«Мактаби таҷриба»-ҳо бо иштироки нахустин наттоқи тоҷик доир гардид

Ноябрь 20, 2020 15:43

ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион, ки ҳамасола 21 ноябр ҷашн гирифта мешавад, 20 ноябр  дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон ҳамоиши «Мактаби таҷрибаҳо» бо иштироки аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон, Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, наттоқи дараҷаи олӣ Рафоат Абдусаломова доир гардид.

Дар оғози вохӯрӣ директори Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон  Зинатуллоҳ Исмоилзода таъкид намуд, ки  “Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон, ки бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 марти соли 2016 ба фаъолият оғоз кардааст,  яке аз ҳадафҳои худро дар  ташкил намудани мулоқоту суҳбатҳо бо собиқадорони соҳа мебинад. Мо лоиҳае дорем бо номи «Мактаби таҷрибаҳо», ки дар он собиқадорони соҳа аз радио, телевизион ва нашрияҳо бо  донишчуён бевосита суҳбат ва  аз таҷрибаи худ нақл мекунанд. Собиқадорон пайроҳаи эҷодии худро барои шумо бори дигар тавзеҳ медиҳанд ва ҳамчунин маслиҳату тавсияҳои худро барои рушди журналистика ва омода намудани мутахассисон барои мо арзонӣ медоранд”.

Рафоат Абдусаломова ба ҳозирон аз ҳаёту фаъолияти пурсамари хеш, рӯзҳои аввали ба телевизион омадан нақл намуд. Вай аз ҷумла гуфт, ки соли 1959 нахустин барномаи Телевизиони тоҷик пахш гардид.

“Ба ман муяссар шуд, ки барномаи аввалинро ба бинандагон пешкаш намоям.  Агар ман даҳ сол ба ҳайси наттоқ кор карда бошам, боқӣ сӣ соли дигар ҳамчун эҷодкор дар телевизион фаъолият намудам, лекин то имрӯз маро касе бинад, ана наттоқ гуфта, муроҷиат мекунанд. Ман аз ин ифтихор мекунам”,-мегӯяд Рафоат Абдусаломова.

Ноябрь 20, 2020 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид