НАҚДИ СУХАН

Ноябрь 17, 2020 12:37

ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Инсон ягона мавҷуди биологии соҳибшуур аст. Ин хосият дар шакли сухан ҳамчун далел тасдиқи худро пайдо мекунад. Зуҳуроти моҳиятии ақл, хирад, дониш, тасаввурот ва ҷаҳонбинӣ, дар маҷмӯъ, рӯҳи инсонӣ, ки тавассути нутқи даҳонӣ, хаттӣ, асарҳои илмӣ, бадеӣ, муҷассамаҳо, ёдгориҳои таърихӣ, дастовардҳои илмӣ-техникӣ ва монанди инҳо ифодаи худро меёбанд, воситаи мутаносиби муколамаи байни одамон ва наслҳо мебошанд. Маҳз ҳамин алоқамандӣ боиси танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, сабабгори тағйироти миқдорӣ ва сифатии муҳити атроф ба хотири рушди инсонӣ мегардад.

Агар моҳияти инсон, сифати шахсият аз дараҷаи фикрронии ӯ вобаста бошанд, ин хусусият, пеш аз ҳама, дар нутқ ифода меёбад.

Мусаллам аст, ки тибқи таъбири британиҳо «аctions speak louder than words» (амал баландтар аз сухан садо медиҳад). Дар чунин хулосабарорӣ ҳам, ба тарзи аксиоматикӣ итминон бояд дошт, ки тафаккур сарчашмаи амал аст. Яъне ҳаракати инсонӣ натиҷаи фаъолияти майна − шакли олии материя, маҳсули он фикрронӣ мебошад. Лекин андеша кардан, хулоса баровардан ва тасмим гирифтан ҳам ба тарзи мавҳум, тавассути нутқи дохилӣ шакл мегирад.

Вақте дар бораи чунин тарзи нутқ сухан меравад, итминон бояд дошт, ки ин ҷараён ба воситаи калимаҳо – маҷмӯи ҳиссаҳои нутқ ҳамчун маводи аслӣ ва ҷумлаҳо – усули бастубанд кардани маъниҳо низоми функсионалӣ пайдо мекунанд. Чӣ қадаре ки фикрронӣ, дарёфти калима, мафҳум, истилоҳот, дефинитсияҳо, ҷобаҷогузории онҳо баробарвазн ба воқеият, асоснок, мувофиқ ба талаботи мантиқӣ, рӯҳӣ, равонӣ бошад, кору амали инсон ҳам ҳамон қадар пурсамар ва натиҷанок хоҳад буд: «Ҷое, ки андеша неруманд аст, он ҷо амал ҳам пурқувват мебошад».

Барои инсон хосиятҳои функсионалии забони гуфтугӯ ҳаётан муҳиманд. Аммо бе амалкарди вазифаҳои моҳиятии забон – андеша, муҳокимаронӣ, абстрактсия – омӯхтани ҷузъиёти фундаменталӣ ва зуҳурот дар алоҳидагӣ, ба тарзи идеалӣ ва «гузаштан аз он ба амалия», мутобиқ кунонидани табиат, ҷамъият ва тафаккур дар доираи ниёзҳои иҷтимоӣ ғайриимкон аст. Гуфтан мумкин аст, ки сифати амалӣ, ба тарзи дигар одии забон, бояд хидматгори қисмати муҳим – моҳияти он бошад.

Захираи асосии луғавии забон ва таркиби луғавии забон дар хотираи инсон, махзанҳои хаттӣ ва электронӣ ба ҳама дастрасанд. Ин имконот мисли замини кишту кор аст. Фарқ дар он аст: кӣ чӣ тавр, ба кадом навъ тавони коркард ва истифодаи онро дорад.

Санъати сухан дар вобастагии кулл ба истеъдоди интихоб ва ҷобаҷогузории калимаҳо дар ҷумла аст. Аммо ороиш ва сифати истифодаи сухан саҳл нест. Агар осон мебуд, ҳама даъвои шоирӣ, нависандагӣ ва суханварӣ мекарданд. Зарурат ба илмҳое, монанди забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, мантиқ, суханварӣ, санъати сухан, услубшиносӣ, морфология, синтаксис, орфография, орфоэпия ва монанди инҳо намемонд.

Одамони қадим чунин гумон мекарданд, ки инсон тавассути дилаш фикр мекунад. Ин андеша ҳазорсолаҳо мафкураи одамро тасхир мекард. Он то замони мо дар шаклҳои бадеӣ, маҷозан, аммо хеле гуворо, барҳақ, бо сермаъноии худ дар манзалати шоиста истифода мешавад. Ифодагари рӯҳи инсон аст. Ҳамин тариқ, вақте «дар сари ҳар мисрае дил хун ва он чун қомати мавзун гашт», ифодагари қалб ва рӯҳу равони эҷодкор мегардад. Муҳимтарин вазифа он аст, ки сухани нек бар ҳадаф расад, то «нишинад лоҷарам бар дил».

Ба қадри чунин масъулият донишманди суханшинос расида метавонад.

Дар бораи шоирону нависандагон тадқиқоти зиёд анҷом дода мешавад. Баъзе аз навиштаҳо, гарчанде ҳанӯз чандон арзиш ва ба муаррифию тақриз ниёз надоранд, аз рӯйи таоруфот мавриди «таҳқиқ ва арзёбӣ»-и маслиҳатӣ қарор мегиранд.

Ҳамзамон бо ин, нисбат ба суханварон (дар зинаи аввал наттоқон), (Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Иборат аз 2 ҷилд. Ҷилди дуюм. Душанбе: 2010. – С. 284) таваҷҷуҳи камтар зоҳир мегардад.

Ҳамин тариқ, ин мақола ҳамчун ишора ба муҳиммияти инкишофи илми овоз (Абдуррауфи Фитрат) марбут дониста мешавад.

Хотиррасон кардани он нукта зарур аст, вақте ки дар бораи забони давлатӣ – забони адабии ҳозираи тоҷик муҳокимаронӣ мешавад, масъала ҷанбаи меъёрӣ мегирад. Истифодаи дурусти захираи асосии луғавии забон ва таркиби луғавии забон бо риояи қоидаҳои грамматикӣ дар доираи боғча, мактаб, омӯзишгоҳ, донишгоҳ, васоити ахбори умум, махсусан, хизмати давлатӣ, фаъолияти ихтиёрӣ, мансуб ба хост ва дидгоҳи шахсӣ нест. Масъулияти маънавӣ, хуқуқӣ ва давлатӣ аст.

Айни ҳамин талабот ба риояи меъёрҳои орфоэпии забон – тарзи дурусти талаффузи калима, ибора, ҷумлаҳо, гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, муносибати овозӣ ба матн, дар вобастагӣ ба муҳтавои он пешниҳод карда мешавад.

Дар ташвиқи қоидаҳои грамматикӣ ва орфоэпӣ нақши радио ва телевизион махсусан муҳим аст. Ин дастгоҳҳо мебояд ҳамчун намунаҳои олии риоя кардани меъёрҳои забонӣ хизмат кунанд. Маълум аст, ки кормандони ниҳодҳои мазкур дар ин ҷода шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд.

Бояд иқрор гашт, ки солҳои пасошӯравӣ ворид гаштан ба кор дар васоити ахбори умум, махсусан радио ва телевизион саҳл гашт. Баъзан ба ин коргоҳҳо одамон бе тайёрии махсус, санҷиши воқеии донистани лексика, грамматика, тарзи дурусти талаффузи калимаву ибораҳо, гузоштани задаҳои ҳиҷоиву мантиқӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Фаъолияти чунин кормандон шунавандаро оид ба қоидаҳои нутқи шифоҳии забони давлатӣ ба гумроҳӣ меандозад. Дар бораи дастгоҳи таблиғотии давлатӣ таассуроти нодуруст ба вуҷуд меорад.

Услубшиносӣ аз муҳимтарин қисмати забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ аст. Дараҷаи муносибати шоиру нависанда ба меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик, дар доираи фардияти забон ва тарзи баёни адиб, аз вазифаҳои ин илм ба ҳисоб меравад. Муҳаққиқ мекӯшад, тавассути таҳқиқот заҳмати «муҳандисони рӯҳи одамизод», дараҷаи гавҳаршиносии ӯро дар баҳри беканори забони модарӣ исбот созад. Онро ба хонандагон муаррифӣ намояд. Бо ин роҳ раванди маъниофаринӣ, фаҳм ва тавони истифодаи хосияти луғавӣ, лексикологӣ, семасиологӣ ва полисемии калима, мафҳум, ифода, истилоҳот ва таъбирҳоро, ҳамчун намуна, барои истифодаи эҳтимолӣ пешкаши аҳли илму адаб ва оммаи васеи хонандагон гардонад. Гарчанде нисбат ба замони шӯравӣ ин илм дар ҳоли таназзул қарор дорад, аммо гоҳ-гоҳе, ба тарзи пароканда ҳам бошад, аз ҳастии худ дарак медиҳад.

Аммо нақди сухани гӯяндагони радио ва телевизион, ки шабонарӯзӣ дар муколама бо мардум ҳастанд, аз мадди назари муҳаққиқон дур мондааст. Аз дигар тараф, маҳз онҳоанд, ки ҳамарӯза тарзи ифодаи калимаву ибороти забони давлатиро ба шунавандагони дохилу хориҷи мамлакат мерасонанд. Тавре хотирнишон гардид, бо ин гӯё нақши намунаи талаффузи адабии забони модариро ба омма пешкаш мекунанд.

Ҳамаи забонҳои дунё, бидуни истисно, оҳанги фарқкунандаи талаффузи худро дар сатҳи калимаву ибораҳо, ҷумлаҳо – воҳидҳои грамматикӣ доранд. Мантиқи ҷумлаҳои ҳикоягӣ, саволӣ, хитобӣ ва дигар тобишҳои маъноӣ барои дарки дурусти мақсади гӯянда маҳз ба воситаи гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ ифода мегарданд. Дар ҳар забон чунин тарзи ифода, махсусан, вобаста ба истифодаи феъл, ҷонишинҳо ва ҳиссачаҳои ёридиҳандаи нутқ муносибати субъект ба объект дар дараҷаҳои гуногун қарор дорад. Чунин услуби иҷрои вазифаҳои мантиқӣ дар шеваи гуфтори забони адабии ҳозираи тоҷик ҳам мавқеи хосро касб кардааст. Яъне риояи хосияти орфоэпии забон дар баробари ба инобат гирифтани қоидаҳои грамматикӣ аз муҳимтарин талаботи забони давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар адабиёти муосир забон ва тарзи баёни устод Садриддин Айнӣ аз намунаи аслӣ ва барҷастаи адабиёти илмию бадеии забони адабии тоҷик маҳсуб мегардад. Осори ин нобиғаи адабиёти ҷаҳонӣ намунаи олӣ ва сарчашмаи безаволи омӯзиш, азхудкунӣ ва истифодаи ганҷинаи бебаҳои миллати тоҷик – забони ӯст.

Хушбахтона, дар се даҳсолаи ахир ба забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи баробарвазн ба истиқлоли давлатӣ зоҳир гардид. Забони тоҷикӣ аз лиҳози мантиқи сиёсӣ, вазни семантикӣ ба муқаддасоти миллӣ мисли Ватан, Миллат, Модар баробар дониста шуд. Ин мафҳумҳо дар меъёрҳои волои ҳуқуқӣ таҷассум ёфтанд. Дар амалияи сиёсӣ рӯйи кор омаданд. Чунин иқдом, барҳақ, бо ташаббусҳои давлатофаринии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст. Чун сухан дар доираи муҳимтарин хосияти забони давлатӣ – орфоэпияи он меравад, таъкиди он нукта зарур аст, ки Роҳбари давлат дар асарҳои худ борҳо бойигарӣ, нерумандӣ, фасоҳат, балоғат, зебоӣ, хушоҳангӣ ва шоирона будани забони тоҷикиро бо далелҳои таърихӣ ёдоварӣ ва исбот намудааст.

Ҳамчунон, барои ҳамасрони Пешвои миллат мусаллам аст, ки сарвари тоҷикон аз беҳтарин муҳаққиқон ва донандагони забони модарӣ мебошад. На танҳо аз қудрати бузурги забони давлатӣ – захираи асосӣ, таркиби луғавӣ, хосияти грамматикии он ба навъи аҳсан баҳравар аст, балки тавон ва ҷасорати дар таърихи миллат бесобиқаи истифодаи неруи забониро бо хиради азалии хеш нишон дод.

Яке аз сабабҳои Раҳбари муаззами халқ эътироф гаштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба дилу дидаи мардум раҳ ёфтан, захираҳои мардумиро ба сулҳу ваҳдат ва ҷараёни созандагӣ сафарбар кардан дар воқеъбинӣ, росткорӣ, иродатмандӣ ва санъати волои муътақид сохтани омма тавассути амалияи сиёсӣ ва имконоти беназири лафзи модарӣ аз ҷониби ин шахсияти бузурги таърихӣ мебошад.

Ин истеъдод мисли собиқаи нотакрори давлатсозии Пешвои миллат аз муҳимтарин мактаби давлатдорӣ аст. Дар он таҷрибаи ибратомӯзи падару модар, рӯзгори одӣ, давраи пуртуғёни ҷавонӣ, фаъолияти пурмашаққати меҳнатӣ, кору зиндагӣ миёни мардуми заҳматкаш, дардошноӣ бо рӯзгори коргарон, деҳқонон, ҳамватанон, ташаккули хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар арсаи ворид гаштан ба сиёсат ҳанӯз то шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ, тавассути қалб ва пеши дидагони худ эҳсос кардан, дарк намудани фоҷиаи миллӣ, ҷон дар гарав мондан, «ба нохун санг то хоро буридан» ва «дар оташдони нагунсор» ҷонбозиҳо карданҳо таҷассум ёфтаанд. Сабаби бо сухан тасхир карда тавонистани дили мардум, ягонагӣ дар қавлу амали интихобкардаи халқ аст.

Таърихи истиқлолият, таърихи навини давлатдории миллӣ − зиндагиномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат, дастовардҳои бузурги мамлакат, мусаллам, ба ташаббус, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва раҳбарии бевоситаи ин шахсияти бузург рабт дорад. Ин далели баҳснопазир аст. Ба ҳамин хотир, дар баробари дигар дастовардҳо яке аз самтҳои мактаби давлатдорӣ − суханварии Пешвои миллат зарурати воқеӣ ба омӯзиш ва тадқиқу таҳқиқ дорад, то амалияи сиёсӣ ва рушди миллӣ, илм, мактаб, маориф, кулли соҳаҳо аз он баҳравар гарданд.

Чунин талабот доманаи васеи фаъолияти давлативу ҷамъиятиро дарбар мегирад.

Яке аз муҳимтарин василаҳои амалӣ кардани сиёсати забонӣ васоити ахбори умум – радио ва телевизион мебошанд.

Барои гӯяндагон риояи меъёрҳои орфоэпӣ ҳамчун қисмати муассири забони давлатӣ, хамзамон, илми забоншиносӣ ниҳоят муҳиманд. Нодуруст гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ таваҷҷуҳи сомеонро нисбат ба мавзӯи пешниҳодгардида коҳиш медиҳад. Дарки матнро мушкил ва дар аксари ҳолат номумкин мегардонад. Дар фазои пахши мавҷ шунавандаву бинандаро хаста мекунад. Онҳоро маҷбур месозад, то аз идомаи гӯш кардани барнома худдорӣ кунанд. Ба дигар шабакаҳо, бештари вақт ба сарчашмаҳои иттилоотии хориҷӣ муроҷиат намоянд.

Ин камбудиҳо дар сухангӯии наттоқони касбӣ мушоҳида мегардад. Қариб тамоми шабакаҳои радио, аз ҷумла радиои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» солҳост, ки чунин норасоиҳоро мисли ҷузъ ва мартабаи касбӣ, бидуни ислоҳу бознигарии интиқодӣ такрор мекунанд.

Рӯякӣ ва аз диди шахсӣ муносибат кардан ба қоидаҳои орфоэпии забони давлатӣ дар нутқи хаттӣ, баробарвазн бо хатоҳои мантиқӣ ва орфографӣ мебошад. Аз рӯйи он ба қироаткунандаи матн баҳо дода мешавад ва ҳамчун навъи беэътиноӣ ба забони давлатӣ арзёбӣ мегардад. Чунин камбудиҳо қариб дар ҳама жанрҳо, бештар дар ахбор ва иттилоот ба назар мерасад. Тарзи талаффуз ва задаи ноҷои мантиқӣ маҳз дар қисмати феълҳои таркибӣ, ки дар ҷумла вазифаи хабарро иҷро мекунанд, хато, ба сифати қоидаи маъмулӣ садо медиҳанд.

Ҳамчунон, тавассути телевизион ва радио озмунҳои гуногун ба хотири тарғиби Ватан ва ватандӯстӣ, забони модарӣ, ахлоқи наку, меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ, худшиносӣ ва монанди инҳо гузаронида мешаванд. Дар онҳо одамони синну соли гуногун, хусусан мактаббачагон, наврасон ва донишҷӯён ширкат меварзанд. Чунин чорабиниҳо бо заҳмат, сарфи маблағ ва вақти зиёд рӯйи кор меоянд ва ба оммаи васеи бинандаву шунаванда пешкаш мегарданд.

Боиси таассуф аст, ки масъулон ва ҳакамони чунин чорабиниҳо на ҳама вақт ба тарзи талаффуз, гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, хосиятҳои таркиби овозии матн, суръат ва интонатсияи он дар алоқамандӣ бо мавзӯъ ва мундариҷа, ки мақсади нависандаро ифода мекунанд, аҳамият медиҳанд. Дар натиҷа, дар нутқи шифоҳӣ камбудиҳои ҷиддӣ содир мешаванд. Онҳо ба гӯши миллионҳо наврасону ҷавонон мерасанд ва мутаассифона, ҳамчун намунаи қироати шеър, гуфтор қабул, паҳн ва бегумон минбаъд такрор мегарданд.

Мушоҳида мешавад, ки мутахассисони соҳаи хониши ифоданок, аъзои ҳакамон ва қисмати зиёди масъулин салиқа ва тавоноии таъмини орфоэпияи иштирокдорони сабқатҳои телевизиониро аз худ нишон намедиҳанд ва хатохониву хатогӯйиҳо дар фазои миллионҳо шунавандаву бинанда ба зуҳуроти маъмулӣ мубаддал мегарданд. Бешубҳа, иштибоҳот дар тарзи талаффузи калима, иборот, ҷумлаҳо, гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ тавассути васоити ахбори омма аз хатоҳо дар матнҳои хаттӣ зарари бештар доранд. Одамон, махсусан наврасон ва ҷавонон муътақиданд, ки беҳтарин намуна, тарзи дурусти талаффузи калима ва ибораҳо, гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ аз тариқи радио ва телевизион садо медиҳанд. Дар асл бояд ҳамин хел бошад.

Агар барои омӯзиш ва гирифтани сабақ ба гузаштаи начандон дур назар кунем, сароғоз аз солҳои 60-ум, 70-уми асри гузашта, зина ба зина дар радио ва телевизиони тоҷик соҳибкасбоне ба камол расиданд, ки онҳоро мардум на ҳамчун диктор, наттоқи одӣ, балки суханвар мешинохтанд, эътироф мекарданд ва эҳтиром доштанд.

Қироати мазмуни матнҳо, ки бешубҳа муҳимтарин мавзӯъҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналхалқии мамлакатро дар бар мегирифт, бо омили муассир − обрӯи шахсӣ, касбияти баланди суханварии наттоқон тақвият меёфт. Боварӣ ба мундариҷаи матнҳо барои шунаванда ва бинанда тавассути сифати шахсияте, ки тасаввур карда мешуд, зиёдтар мегардид.

Офарандаи таърих дар ҳама самтҳои фаъолияти инсонӣ шахсиятҳо мебошанд. Маҳз тавассути заҳмати онон ҷодаҳои муайяни ҳаёти одамӣ равшан мегарданд. Ба инобат гирифтани омилҳои инсонӣ падидаҳои зиндагиро дар муҳимтарин ҷабҳаҳо ибратбахш мегардонад.

Наслҳои он замон суханварони номдор Файзулло Арабов, Субҳон Раҳматов, Бурҳон Раҳмонов, Матлуба Бурҳонова дар хондани матнҳои бадеӣ Назира Қаҳҳорова, Абдуқодир Маниёзов, Хоҷиқул Раҳматуллоев, Маҳкам Ҳоҷиқулов, Ҳабибулло Абдураззоқов ва баъзе дигаронро хуб дар хотир доранд. Аз забони онҳо меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун намунаи барҷастаи қироати матн аз лиҳози талаботи орфоэпӣ садо медод.

Дар замони истиқлол нақши Абдуррашид Хӯҷамқулов (Абдуррашид Ализода) ҳамчун давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳои мактаби суханварони классикии асри ХХ-и радио ва телевизиони тоҷик баръало намудор аст.

Касбият, тахассусмандӣ, обрӯ ва манзалати сухангӯӣ мебояд ба мазмун ва муҳтавои матне, ки дар садо додани он суханвар масъул аст, тавъам бошад.

Муҳимтарин муаррифнома бо овози Абдуррашид Хӯҷамқулов баъд аз оҳанги ифтихории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти бузург, мутантан, ниҳоят барҷаста ва самимона садо медиҳад. Дили шунавандаву бинандаро ба ваҷд меорад. Таваҷҷуҳи одамонро барои дарки рӯйдоди интизорӣ ва хотирмони таърихӣ ҷалб мекунад.

Интихоби коргардони радиову телевизион барои қироати чунин матн аз ин сухангӯи сатҳи олӣ боиси қаноатмандист.

Абдуррашид Хӯҷамқулов ҳанӯз охири солҳои шастум ва аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта, мадди назари масъулони радио ва телевизион қарор гирифт. Он солҳо ӯ донишҷӯи бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Дар аввалин намоиши телевизионӣ, дар назар як шахси ҷавон, газгӯшт, гандумгун, бо чеҳраи ҷиддӣ, деҳотӣ, аммо андешаманд, ҳамчунон кордида ва хушсалиқа рӯйи саҳна баромад.

Ҳангоми муаррифии қисмате аз беҳтарин донишҷӯён, ки маъмулан, барои қироати шеър ба телевизион даъват мешуданд ва дар замони шӯравӣ чунин имконоти фавқулода насиби ҳар кас намегашт, дар муқоиса бо дигар донишчӯён ниҳоят хоксор, аммо солор, хеле ҷавон, лекин бурдбор менамуд. Чанд нафар шеърҳо қироат карданд ва дар ин кор маҳорати хуб нишон доданд. Навбат ба Абдуррашид Хӯҷамқулов расид. Ӯ сараввал як лаҳза таҳаммул кард. Баъдан нигоҳи пурмазмуне ба бинандагон намуд. Хаёлан онҳоро барои шунидани ғазали машҳури мазмуни иҷтимоидоштаи Сайидои Насафӣ, ки матлааш ин аст:

Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хӯрад,
Теғи бедоди ту аз дасти аҷал об хӯрад,

водор кард.

Ва гӯё дар камера бо нигоҳи миллионҳо тамошобин – наврасон, ҷавонон, коргарон, деҳқонон, аҳли зиё вокуниши идроки муҳтавои масъаларо нишон дода бошад, шеърро аз ёд хонд.

Он замон дар телевизион мафҳуми титр, хондани матн тавассути имконоти электронӣ вуҷуд надошт. Намоишҳо мустақим пахш мешуданд. Хато ислоҳнопазир буд. Як иштибоҳ метавонист имкони бори дигар пайдо шуданро дар назди камера ва микрофон истисно кунад.

Чун овози марғуладор, маҳз барои суханварӣ таъйиншуда ва бовиқори ҷавонмардонаи камназир аз як донишҷӯи қишлоқӣ садо дод, шунавандагону бинандагон эҳсос карданд, ин шахс бо сайқал додани донишу касбият, азбар намудани усул ва нозукиҳои пешаи суханварӣ метавонад ба тарғиби сиёсати давлатдорӣ, адабиёт ва фарҳанги миллӣ тавассути имконоти беохири радио ва телевизион хизмати назаррас анҷом диҳад.

Зиндагӣ ҷараёни табииест, мекӯшад, ҳар офаридаи худро дар ҷойе таъйин кунад, ки мувофиқ ба манзалати ҳунараш бошад, то худи ӯ ва ҳам дигарон ранҷ накашанд. Инсонҳои воқеъбин ва ҷомеаи солим низ дар чунин ниёзҳо аз худ ҳассосият нишон медиҳанд.

Баъди хатми донишгоҳ Абдуррашид Хӯҷамқулов барои кор ба радиои Тоҷикистон даъват шуд. Дар ин коргоҳ Абдуррашид Хӯҷамқулов дар вазифаҳои гуногун, то сарвари ин идораи бонуфуз кору фаъолият кард. Аммо асолати ин шахсият, беш аз ҳама, дар ҷодаи ниҳоят масъулиятнок, он чӣ ки таъйиноти табиат буд − суханварӣ муаррифӣ гардид. Дар дилу дидаи мардум ҷо гирифт. Маълуму машҳур гашт.

Ҳамзамон бо ин, Абдуррашид Хӯҷамқулов ба корҳои илмӣ машғул шуд. Донишҳои худро дар шинохти забон ва услуби баёни забони тоҷикӣ сайқал дод. Ҷанбаҳои таърихии онро омӯхт. Дар масъалаҳои фонетика, лексикография, орфоэпия, морфология, синтаксис, вазифаҳои функсионалии забон аз лиҳози грамматикӣ, мантиқӣ ва фалсафӣ, дар вобастагӣ ба касби сухангӯӣ, хосияти маҳзи муколама бо миллионҳо одамони синну сол ва касбияти гуногун таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Нозукиҳои пешаи интихобгардида ва масъулияти ба ӯ боваркардаро дар маҷмӯи ин илмҳо, дар доираи системаи ягонаи расонидани мантиқ ва муҳтавои матн ба омма аз худ намуд. Корро аз қироати порчаҳои назмӣ оғоз карда, зина ба зина ба жанрҳои гуногуни гуфтори радио ва телевизион ворид гашт. Онҳоро омӯхт. Батадриҷ, бо комил гардонидани истеъдод, масъулияти қироат кардани муҳимтарин хабар, изҳорот, маълумот ва тафсирҳои сиёсӣ ба ӯ вогузор карда мешуд.

Дар радиову телевизион аз наттоқ расидан ба симати суханвар ва дар ҳамин мартаба эътироф гаштан аз ҷониби мухлисон ниҳоят муҳим аст. Абдуррашид Хӯҷамқулов ҳанӯз аз давраи донишҷӯӣ дарк намуда буд, ки орфоэпия (аз калимаи юнонӣ, orthos-дуруст, epos-нутқ) ба мисли морфология, синтаксис аз муҳимтарин қисмҳои илми забоншиносӣ аст.

Дар бойтарин забонҳои дунё, аз ҷумла, русӣ, англисӣ ва хитоӣ на танҳо лексика, балки талаффузи меъёрии овозҳо имконоти семантикии калимаву ибораҳоро зиёд мекунад, замонҳои феъл, ҳамчунон, услуби функсионалии ҷумлаҳоро (ҳикоягӣ, саволӣ ва хитобӣ) ба осонӣ ва хеле мантиқӣ тағйир медиҳад. Зуҳуроти эҳсосии нутқро нисбат ба ҳадафи муҳокима, ки ифодакунандаи мантиқи гӯянда (нависанда) мебошад, равшан ва мушаххас мегардонад. Ва, албатта, забони тоҷикӣ ҳам аз ҳамин фазилатҳо ба пуррагӣ бархӯрдор аст.

Талаффузи калимаву ибораҳо, гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, агар онҳо бидуни меъёрҳои орфоэпӣ садо диҳанд, дар бораи мансубияти шахс ба ин ё он гурӯҳҳои диалектикии сокинони мамлакат ишора мекунанд. Чунин камбудӣ аз халалдор кардани меъёрҳои забони давлатӣ дарак медиҳад ва ғайри қобили қабул мебошад. Зеро нутқ воситаест, ки тавассути он дараҷаи маънавиёт ва дониши гӯянда муайян карда мешавад.

Тавре таъкид гардид, чун забони давлатӣ муҳимтарин воситаи ваҳдат ва сарҷамъии миллат аст, қатъиян, риоя кардани талаботи орфоэпии забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун забони воҳиди як миллат дар дараҷаи сиёсати давлатӣ мадди назар гирифта мешавад. Давлат ба воситаи муҳимтарин абзори худ – меъёрҳои ҳуқуқӣ, мактаб, маориф, фарҳанг, адабиёт, театр, кино, васоити ахбори омма, радио, телевизион, матбуот, тадқиқот, гузоришоти илмӣ ва дигар имконот сиёсати забонии худро собитқадамона роҳандозӣ мекунад ва пайгирӣ менамояд. Риоя кардани орфоэпияи забони давлатӣ, унификатсияи он, ҳамзамон, умумияти як халқро дар қаламрави мамлакат таъмин месозад. Назорат кардани ин талабот аз муҳимтарин рукнҳои илми забоншиносӣ мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки одамон аксари вақти худро нисбат ба хондан дар муколама, ҳамчунон, дар шунидан сарф мекунанд. Тавассути он меомӯзанд ва меомӯзонанд. Албатта, нақши радиову телевизион дар ин кор бузург аст. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба хотири аҳамияти сиёсӣ доштани ягонасозии орфоэпии забони русӣ зери таҳрири забоншиноси маъруф Д. Э. Розентал «Словарь ударений русского языка» ва баъдтар дар Федератсияи Россия, шурӯъ аз соли 1993 китоби «Словарь ударений русского языка» зери таҳрири М. Штудинер чандин маротиба нашр шудааст.

Албатта, олимони тоҷик дар масъалаҳои грамматика ва хусусиятҳои орфоэпии забони тоҷикӣ тадқиқоти зиёд анҷом додаанд. Яке аз аввалин тадқиқот дар ин самт, ба қалами профессор Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ тааллуқ дорад. Асари ӯ «Қоидаҳои забони тоҷик» (сарф ва наҳв) номгузорӣ шудааст. Он бо заҳмат ва пайгириҳои омӯзандаи донишманди бузург ва фидокор профессор Абдулҳай Маҳмадаминов дарёфт ва бо сарсухани пурмуҳтаво таҳти унвони «Асари арзишманди Абдуррауфи Фитрат дар бораи забони тоҷикӣ» (Абдуррауфи Фитрат. Қоидаҳои забони тоҷик (сарф ва наҳв). − Душанбе: Сино, 2009. − 127 с.) ба нашр расидааст. Дар сарсухан, аз ҷумла, ба тадқиқоти масъалаҳои орфоэпӣ бахшида шудани ин китобро олими нуктасанҷ Абдулҳай Маҳмадаминов чунин тафсир мекунад: «Муҳимтарин ҷиҳати қобили таваҷҷуҳ, арзиши илмиву назариявӣ ва амалии «Қоидаҳои забони тоҷик (сарф ва наҳв)» дар он аст, ки А. Фитрат дар ин китоб қонуну қоидаҳои илми овоз ва илми наҳви тоҷикиро чунонки муаллиф дар муқаддимаи асар хотирнишон кардааст, маҳз дар асоси дастуру нишондодҳои мазкури С. Айнӣ, ки бо эътирофи Е. Э. Бертелс «Дар тамоми дунё аз вай донишмандтари забони тоҷикӣ нест» (Е. Э. Бертельс. Пути создания таджикских словарей//Проблемы Таджикистана. − Л.: 1934. − С.179) тадқиқу таҳлил намуда, андешаву хулосаҳои арзишманд баровардааст» (Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ. Қоидаҳои забони тоҷик (сарф ва наҳв). – Душанбе: Сино, 2009. − С. 31).

Сарфи назар аз он ки ин китоб навад сол қабл навишта шуда, тарзе хотирнишон гардид, дар он масъалаҳои талаффузи меъёрии забони тоҷикӣ (илми овоз) мавриди омӯзиш қарор гирифта бошад ҳам, то ҳол луғати махсуси орфоэпии забони адабии ҳозираи тоҷик, ки талаботи маҳз ва рӯзмарраи забони давлатӣ мебошад, тартиб дода нашудааст. Худихтиёриҳое, ки ҳанӯз ҳам дар қисмати гуфторҳои радио, телевизион ва умуман истифодаи забони давлатӣ аз ҷониби баъзе аз кормандони хизмати давлатӣ, омӯзгорон ва одамони касбу кори гуногун ба назар мерасанд, аз ҳамин норасоӣ сарчашма мегиранд. Риоя кардани меъёрҳои овозии забони давлатӣ – эҳсоси масъулияти бузург ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ мебошад.

Мавод барои коркарди луғати орфоэпӣ, ҳам дар назария ва ҳам дар амалияи забони тоҷикӣ басанда аст. Асарҳои назмӣ ва насрие, ки Абдуррашид Хӯҷамқулов дар тӯли фаъолияти худ қироат кардааст, аз зумраи чунин маъхазҳост. Шунидани онҳо, гарчанде аз ҷониби як суханвар сурат мегирад, ба кас таассуроти беҳтарин намоишномаҳоро дар сабки «театр дар назди микрофон» ба вуҷуд меорад.

Ба назари мо, аз муҳимтарин сарчашмаҳои орфоэпӣ асарҳои оламшумули Садриддин Айнӣ «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр» ва дигар китобҳои ин қаламкаши мумтози адабиёти ҷаҳонӣ дар қироати Абдуррашид Хӯҷамқулов мебошанд. Маълум аст, ки суханвар пеш аз сабти асарҳои бадеӣ бамаротиб, такрор ба такрор онҳоро хондааст. Сужет, мазмун, муҳтаво ва ғояҳои он асарҳоро азбар намудааст. Ба хислат, характер, тарзи гуфтор, нақши ҳар қаҳрамон ва персонажҳои ин адабиёт шинос шудааст. Хаёлан дар фазо, вақт, муҳити зиндагӣ, рӯзгор ва кору бори онҳо ворид гаштааст. То тавонистааст, ба умқи мақсаду ниятҳои нависанда дар эҷоди ин асарҳо расидагӣ кардааст. Ҳақиқати бебаҳс аст: барои маъниеро ба дигар кас фаҳмонидан, онро пеш аз ҳама, мебояд худи шахс батамом дарк намояд.

Ба бузургии Садриддин Айнӣ, нобиғагони илм, ки ба шиносоӣ аз эҷодиёти ӯ мушарраф гаштаанд, ангушти ҳайрат газидаанд. Е. Э. Бертелс, ки зикри номаш дар боло рафт, дар назди ин нависанда ва олими забардаст худро чун шогирди ҳафтсола дар назди Абӯалӣ ибни Сино тасаввур мекунад (ниг. Е. Бертелс. Устоди донишманди муаззам!//Садриддин Айнӣ. Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик. Куллиёт. Ҷилди 12 (Ба чоп тайёркунандагон: К. Айнӣ ва Ҳ. Рауфов). − Душанбе: Ирфон, 1976. − С. 10).

Абдуррашид Хӯҷамқулов тавонистааст, бо қироати асарҳои «донишмандтарин донандаи забони тоҷикӣ», ҳам дар «Ёддоштҳо» ва ҳам дар повести «Марги судхӯр» саросар аз номи шахси аввал – муаллифи асарҳо сухан гӯяд. Ҷуръат ва тавони онро дошта бошад, ки бо забони адиби барҷаста рафти воқеаҳоро нақл кунад, тафсир намояд. Ҳам нутқи шифоҳӣ, ҳам афкори ботинии мутафаккири оламшумулро ба шунаванда расонад, фаҳмонад. Ӯро шефтаи чунин шоҳкориҳои ақлу хиради инсонӣ гардонад.

Абдуррашид Хӯҷамқулов дар қироати асари безаволи Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» санъати волои суханварӣ, дарки ботинии ҳақиқати таърихӣ ва тавассути калом неруи тавонои дар дили шунаванда бедор кардани ҳиссиёти хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро нишон додааст.

Қироати ҳар боби китоби «Тоҷикон» бо порчае аз сарсухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мешавад.

Сабки гузориши саҳфаи мазкур бо садои мутантан ва эҳсосу ҳаяҷони бузурги масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳтавои ватанпарастонаи ин асари безавол, ки аз ҷониби Сарвари тоҷикон чун арҷгузории таърихӣ оид ба муҳтавои ин асари барҷастаи илми муосир ҳамчун ҳидоятномаи бузург садо медиҳад, ҳиссиёт ва завқи шунаванда ва хонандаро барои аз худ кардани маънои асари зикршуда даҳчанд мегардонад.

Ҳамин тариқ, суханварӣ санъатест, ки ба ғайр аз табиати физиологии артикулятсияи мувофиқ ба талаботи сухангӯии тахассусӣ, дониш, хирад, дарки моҳияти масъаларо дар доираи матн ва жанри асарҳои илмӣ, илмӣ-таърихӣ ва бадеӣ талаб мекунад. Гӯянда мебояд асосҳо, принсипҳо, қонунмандиҳои пайдоиш, инкишоф ва тараққии мавзӯъро донад, мақсади ниҳоии таълифи мавод ва дар ҳолати дигар асарро ба хубӣ дарк намояд. Аз илми забоншиносии таърихӣ ва муосир баҳравар бошад. Орфоэпия, меъёрҳои овозии забони адабии тоҷикро ба навъи аъло фаҳмад. Суръат, интонатсия, задаҳои ҳиҷоӣ, мантиқӣ ва нозукиҳои вусъати овозиро дар вобастагӣ ба мазмун ва муҳтавои матн донад ва онҳоро истифода карда тавонад.

Забони тоҷикӣ бо собиқаи бузурги таърихӣ ифодагари тавонои тамоми паҳлуҳои моҳият ва зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур аст. Бо тобишҳои ҳамсони маънавӣ ва рӯҳиву равонӣ дарк ва ифода кардани он муҳимтарин вазифаи соҳибзабонон шумурда мешавад. Дар ин ҷода, шеваи баёну гуфтори Абдуррашид Хӯҷамқулов ҳамчун суханвар, аз намунаҳои беҳтарини тарзи истифодаи касбии қиматтарин ганҷинаи миллӣ − забони давлатӣ мебошад.

Ҳангоми омӯзиши нақши сухан дар муносиботи ҷамъиятӣ зарур аст, он нукта таъкид гардад, ки сифати материалӣ – сохтории мавод аз муҳимтарин ҷузъиётест, ки маҳз тавассути он як падида аз падидаи дигар фарқ мекунад. Дар ин маврид пайдоиш ва инкишофи забон, умуман маводи забонӣ, аз мураккабтарин зуҳуроти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Он дар доираи як системаи муайян амал мекунад. Бо аломатҳои устувори худ мустақил аст. Қонунмандиҳои пайдоиш, амалкард ва инкишофи худро дунбол месозад.

Ҳама гуна система вазифа ва сифати функсионалӣ дорад. Асоси система, сохтор ва функсияро принсипи номниҳод ва таъйинот дар бар мегирад. Вақте дар бораи забон, пеш аз ҳама, забони тоҷикӣ ҳамчун системаи мустақили зуҳуроти таърихӣ сухан меравад, ин талабот истисно буда наметавонад. Орфоэпия илм дар бораи меъёрҳои овозӣ, аломат, хосиятҳои фарқкунанда ва мустақили мантиқии забони тоҷикӣ ва дигар забонҳост, ки донистан ва риояи он шарти зарурӣ ва муҳим аст.

                                                                     С. Ятимов

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», №220 (24075) аз 13.11.2020

Ноябрь 17, 2020 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол