Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ яке аз арзишмандтарин дастовардҳои таърихӣ ва сиёсии миллати куҳанбунёди тоҷик ба шумор меравад. Истиқлолият барои миллати мо асолати таърихӣ ва иродаи баланди ватандӯстӣ барои таъйини сарнавишти худ мебошад. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва хидматҳои хастагинопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллати тоҷик пас аз асрҳо имконияти бузург фароҳам омад, ки бо такя ба хиради азалӣ, фарҳанги ғанӣ, забони куҳан, тамаддуни пурифтихор ва арзишҳои миллӣ ояндаи худро бисозад.
— Бояд таъкид намуд, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии Истиқлоли Тоҷикистон дар оғози давраи нави давлатдории миллӣ гузошта шуданд. Дар заминаи иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қабули эъломия дар таърихи муосири миллати тоҷик рӯйдоди сарнавиштсоз ба шумор рафта, ин санади таърихӣ бозтобдиҳандаи ормонҳои деринаи мардуми шарафманди Тоҷикистон барои дастёбӣ ба давлатдории миллӣ, озодӣ, худшиносии миллӣ ва ташкили давлати мустақил мебошад.
Дар асоси ин санади таърихӣ дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Зимнан, санаи 9 сентябр дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи мондагор сабт шуд, ки дар он ормонҳои деринаи давлатдории миллӣ ба воқеияти сиёсӣ ва таърихӣ табдил гардид.
Хушбахтона, имсол мардуми шарафманди диёрамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 35-солагии ин дастоварди волотарини давлати тоҷиконро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.
Истиқлолияти давлатии мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ мамлакатамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва ҳисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ марҳилаи нав дар зиндагии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миллат оғоз гардид. Давоми солҳои истиқлолияти миллӣ пояҳои асосии давлати ҳуқуқиву дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шудаанд. Тавассути парлумони касбии доимамалкунанда, қабул шудани як силсила қонунҳое, ки ба рушди иқтисоди бозаргонӣ, инкишофи батадриҷи муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ мусоидат мекунанд, Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави рушд расид.
Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар заминаи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва қабули аввалин Конститутсияи давлати демократӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул гардиданд, ки онҳо ба танзими муносибатҳои оилавӣ равона гардида, кафолати давлатии ҳифзи оиларо асоси ҳуқуқӣ бахшиданд.
Оила ҳамчун нахустин ва муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ дар шаклгирии инсон, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои ахлоқиву фарҳангии ҷомеа нақши асосӣ дорад. Инсон аввалин дарсҳои зиндагӣ, эҳтиром ба бузургон, муҳаббат ба наздикон, масъулиятпазирӣ, садоқат, ватандӯстӣ ва дигар арзишҳои инсониро аз оила меомӯзад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрию суҳбатҳояшон оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар руҳияи ватандӯстӣ, барои пойдорию устувории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и шаҳри Душанбе дар ин масъала андешаҳои волои зеринро иброз намуданд: «Ҳар инсон дар ҷомеа, пеш аз ҳама, бо шарофати хислатҳои хуб ва ахлоқу одоби ҳамидааш соҳиби эҳтирому обрӯ мешавад. Аз ин рӯ, тарбияи ахлоқӣ бояд аз оила оғоз шуда, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста идома ёбад… Падару модарон вазифадоранд, ки дар оила барои тарбия ва камолоти фарзанд муҳити солим фароҳам оваранд».
Зимнан, дар асри муосир оила ба унвони яке аз муҳимтарин ниҳодҳои иҷтимоӣ дар сатҳи байналхалқӣ ва низомҳои ҳуқуқии давлатҳо мавриди ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқӣ қарор гирифтааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз соли 1948 оиларо ба унвони воҳиди табиӣ ва асосии ҷомеа ба расмият шинохта ва барои он ҳуқуқи бархурдорӣ аз ҳимояти ҷомеа ва давлатро дар назар гирифтааст. Аз ин бармеояд, ки оила танҳо як воҳиди хусусӣ ва муносибатҳои хонаводагӣ нест, балки ниҳоди муҳими иҷтимоӣ мебошад, ки солимии он ба субот ва инкишофи ҷомеа муносибати мустақим дорад.
Ба ин минвол, дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак оила ба унвони як ҷузъи асосии ҷомеа ва муҳити табиӣ барои инкишоф ва некӯаҳволии ҳамаи аъзои он, бахусус кӯдакон арзёбӣ гардидааст. Дар санадҳои номбаршуда ва дигар санадҳои дахлдори байналмилалӣ ҳифзи ҳуқуқи модарону кӯдакон сабт гардида, шаклҳои гуногуни дастгирии иҷтимоии оила пешбинӣ шудаанд.
Ҳамзамон дар Ватани маҳбубамон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд эҳтироми арзишҳои волои оиладорӣ, ба вижа оилаи солим – миллати солим дар мадди аввал гузошта шудааст. Дар сатҳи Конститутсия баробарҳуқуқии мардону занон пешбинӣ гардида, дар як вақт меъёрҳои заминавии ташаккули муносибатҳои оилавӣ инъкос гардидаанд. Аз ҷумла, ҳамчун асоси ҷамъият аз ҷониби давлат ҳимоя шудани оила, ҳуқуқи ҳар кас ба ташкили оила, озодона бекор намудани ақди никоҳ, дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ баробарҳуқуқ будани зану шавҳар, манъ будани бисёрникоҳӣ, таҳти ғамхорӣ ва ҳимояи махсуси давлат қарор доштани модару кӯдак, уҳдадории падару модар дар тарбияи фарзанд, масъулияти фарзандони болиғ ва қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъминоти падару модар ва ғайра. Барои амалишавии ин меъёрҳои конститутсионӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам чораҳои муассир андешида шуда, дар баробари ин заминаи қонунгузории оилавӣ марҳила ба марҳила такмил дода мешаванд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо муқаррароти умумии ҳуқуқи оилавӣ, ба монанди баробарии мардон ва занон, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, озодии виҷдон ва монанди инҳо, ҳамчунин муқаррароти заминавии ҳуқуқи оилавиро пешбинӣ менамояд, ки онҳо дар санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ мустаҳкам гардидаанд. Масалан, ҳуқуқи шахсе ба ташкили оила, озодона бекор намудани акди никоҳ, манъ будани бисёрникоҳӣ (моддаи 33), таҳти ғамхорӣ ва ҳимояи махсуси давлат қарор доштани модару кӯдак, уҳдадории падару модар дар тарбияи фарзанд, масъулияти фарзандони болиғ ва қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар (моддаи 34).
Ин принсипҳо дар баробарҳуқуқии мардону занон дар ҳалли масоили оилавӣ, баробарҳуқуқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, сарфи назар аз миллату нажод ва эътиқоди динӣ, муҳофизат ва ҳавасманд кардани модар, ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон ва таъмини манфиати онҳо, якканикоҳӣ, озодонаву ихтиёрӣ ва дар зери назорати давлат будани никоҳ ва озодона бекор намудани никоҳ, аз лиҳози моддиву маънавӣ масъули ҳамдигар будан ва ғамхории ҳамдигарии аъзои оила зоҳир мегарданд. Ҳар яке аз ин усулҳои номбаршуда моҳияти амиқи иҷтимоӣ дошта, ба андешаи муосири ҳуқуқу озидиҳои инсон комилан созгор мебошанд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, нақшу аҳаммияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории оилаву никоҳ ва танзими муносибатҳои дохилиоилавӣ аввалиндараҷа мансуб дониста мешавад.
Санади дигари муҳиме, ки дар низоми сарчашмаи ҳуқуқи оилавӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 ба шумор меравад. Кодекси оила доираи муносибатҳоеро, ки бо қонунгузории мазкур ба танзим дароварда мешаванд, ба таври мушаххас муайян намуда, принсипҳои асосии танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавиро муқаррар намуд.
Дар заминаи Конститутсияи ҷумҳурӣ Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, то ба имрӯз тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба замони муосир мутобиқ гардонида шуданд.
Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ меъёру падидаҳои навро, ки қаблан ба қонунгузорӣ маълум набуданд, дар бар гирифта, ба рушди низоми ҳуқуқи оилавӣ дар мамлакат заминаи мусоиди ҳуқуқӣ гузоштанд ва ба ташаккули оилаи солим, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳар як узви оила, хусусан занону кӯдакон мусоидат намуданд. Ба зумраи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба танзими муносибатҳои оилавӣ равона гардидаанд, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 «Дар бораи Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ», аз 8 августи соли 2001 «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001- 2010», аз 1 октябри соли 2004 «Дар бораи тасдиқи номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будан шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад», аз 1 октябри соли 2004 «Оид ба тасдиқи навъҳои музди меҳнат ва дигар даромадҳое, ки аз онҳо барои таъминоти кӯдакони ноболиғ алимент рӯёнида мешавад», аз 1 ноябри соли 2006 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 — 2016», аз 29 майи соли 2010, «Дар бораи тасдиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», аз 30 декабри соли 2015 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 28 феврали соли 2025 «Дар бораи Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 26 декабри соли 2024 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030», аз 1 марти соли 2024 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ва дигар санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ дохил мешаванд.
Падидаи муҳиме, ки қонунгузории оилавӣ муқаррар намуд, муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ба шумор меравад, ки ҳадафи он таҳкими зиминаҳои оилаи солим, таъмини пойдорӣ ва хушбахтии оилаҳо, пешгирии паҳншавии бемориҳои сирояткунанда ва таваллуди фарзандони солим мебошад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ 23 январи соли 2015 ва суханронӣ ба муносибати Рӯзи Модар 6 марти соли 2015 ба ин масъала аҳаммияти махсус зоҳир намуда, иброз намуданд, ки «яке аз сабаби пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандро бе муоинаи тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд». Ҳамчунин Роҳбари давлат дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи Модар ба масъалаи аз никоҳҳои хешутабории наздик таваллуд шудани фарзандони маъюб изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки «донишмандони соҳаи генетика ва тибби тоҷик сабаби бемориҳои солҳои охирро ба никоҳи хешутабории наздик низ мансуб дониста, тамоюли рӯ ба афзоиш будани онро илман исбот намудаанд».
Гуфтан ба маврид аст, ки дар шароити муосир номгузории миллӣ яке аз асосҳои муҳими эҳёи анъана ва дигар арзишҳои миллӣ маҳсуб мешавад. Номгузории миллӣ низ дар ҳар давру замон ҳамчун мероси ғании фарҳангӣ мақому манзалати бузург дошта, ҳамчун ҷузъи таърих, фарҳанги миллӣ ва маърифати оиладорӣ ба эътирофу инкишофи фарҳанги муосир ва беҳдошти симои маънавии инсон таъсири амиқу ғизои маънавӣ гузошта, тафаккур, заковати фитрӣ, шуури маънавӣ ва анъанаҳои бузурги фарҳангсолории миллиро сайқал дода, дарҳои маънавии ҷомеаро боз менамояд. Дар воқеъ, истифодаи маъмули номгузорӣ такя бо анъанаҳои миллӣ танҳо бо давраи ба даст овардани соҳибистиқлолии миллӣ ва дар таҳрири нав қабул гардидани як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷилои тоза пайдо намуда, таваҷҷуҳи хоссаро ба худ ҷалб намуд ва аз ҷониби падару модарон зимни номгузории фарзандони худ ба таври васеъ аз он истифода гардид. Дар масъалаи номгузории фарзанд бояд тамоми ҷабҳаҳои ахлоқиву маънавии ояндаи фарзанд ба инобат гирифта шуда, номгузории ӯ бештар бо такя ба воситаҳои илмӣ, мулоҳизаи мантиқӣ ва анъанаҳои миллӣ амалӣ карда шавад ва дар ин ҷода муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» риоя карда шавад.
Вобаста ба танзими масъалаи номгузорӣ бо назардошти арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 2 январи соли 2025 дар таҳрири нав қабул гардида, дар моддаи 20 он муқаррар карда шуд, ки номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ амалӣ мегардад. Насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз ном ё насаби падар ё решаи онҳо, насаби модар ё решаи насаби ӯ, ном ё насаби бобо, номи падари бобо бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад.
Дар сатҳи қонун ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба ном дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат дода шуда, ба онҳо иҷозат дода шудааст, ки онҳо бо хоҳиши худ метавонанд номгузории кӯдаконашонро тибқи анъанаҳои миллиашон амалӣ намоянд.
Дигар масъалаи муҳим ин аст, ки имрӯз Кодекси оила бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ зимни бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба таври ҳатмӣ бастани аҳдномаи никоҳро пешбинӣ кардааст, ки ин меъёр то андозае барои ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат заминаи ҳуқуқӣ гардид. Кодекси оила созишномаи пардохти алиментро низ муқаррар намудааст, ки ин созишнома дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, баста мешавад. Инчунин ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент муқаррар карда шудааст, ки тибқи он суд метавонад барои фарзандони болиғ, ки донишҷӯи таҳсили рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни 20 ва 24 солагӣ расиданашон аз падару модар алимент ситонад. Зимнан, дар ҳар давру замон яке аз вазифаҳои муҳими оила ва қонунгузории оилавӣ ин муҳаӣё кардани заминаи мусоид барои тарбия ва ба камол расидани кӯдак, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо маҳсуб меёбад. Ба мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, ба роҳи рост ва меҳнати созанда, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва риояи меъёрҳои одобу ахлоқ ҳидоят намудани онҳо, ки метавонад ба тарбияи дурусти фарзанд дар оила таъсири мусбӣ расонад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз 20 июни соли 2024 дар таҳрири нав қабул гардид. Дар он вазифаи падар ва модар, давлат ва ҷомеа дар тарбияи фарзанд муайян гардидааст.
Ғамхорӣ дар ҳаққи оила, боло бурдани сатҳи иқтисодии онҳо, таъмини ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар як узви оила ва барорбарии воқеии онҳо дар ҳалли ҳамагуна масъалаҳои оилавӣ мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон оид ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила пайваста таъкид менамоянд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки бинобар рӯзмарра будани ин масъала соли 2015 «Соли оила» эълон карда шуда, бо мақсади таҳкими заминаҳои маърифати оиладорӣ як зумра тадбирҳои мушаххас ба роҳ монда шуданд. Умуман, дар даврони истиқлоли миллӣ ба шарофти дастгирию ғамҳориҳои роҳбарияти олии сиёсии ҷумҳурӣ заминаҳои ҳуқуқии маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо нуқтаи азим дар таърихи давлатдории тоҷикон аст, балки оғозгари марҳилаи муҳим дар шаклгирӣ ва инкишофи низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ низ ба шумор меравад. Истиқлолият замина фароҳам овард, ки Тоҷикистон бар асоси манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихӣ, расму оин, фарҳанги мардум ва принсипи давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд низоми мустақили ҳуқуқии худро сохта, тадриҷан такмил намояд. Дар ин раванд танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ ва ҳимояи оила ҳамчун ниҳоди асосии ҷомеа ҷойгоҳи хос пайдо намудааст.
Маҳкам МАҲМУДЗОДА,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд






