Раиси нави Бонки миллӣ талош дорад болоравии нархҳо дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шавад
ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021-ро барои баррасӣ ба палатаи поёнии Парлумон пешниҳод кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон.
Ба гуфтаи Холиқзода, коршиносон асосан ба масъалаи дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори дохилии истеъмолӣ таваҷҷуҳ намудаанд.
Он тавассути истифодаи механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ барои пешгирии фишороварии омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо амалӣ мегардад.
Холиқзода зикр кард, ки тасдиқи лоиҳа ба таҳкими сиёсати пулию қарзӣ, ки барои нигоҳ доштани болоравии нархҳо зарур аст, мусоидат хоҳад кард. Он ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар хотимаи ҷаласа лоиҳаи Дурнамо тасдиқ гардид.
Дар баробари ин, дар ҷаласа лоиҳаи Қонун «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» баррасӣ карда шуд. Ҳуҷҷати мазкур тайёр кардани мутахассисони баландихтисосро муайян намуда, ба тезонидани саноатикунонии мамлакат нигаронида шудааст.
Қонун заминаи ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии ҳамкории давлат, корфармоён ва муассисаҳои таълимиро дар бар мегирад.








Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






