Роҳбари намояндагии СУТ Бахтигул Карриева: «Таҷриба ва коргузории кормандони муассисаҳои тиббии Суғд дар пешгирии ин беморӣ барои дигар кишварҳо намуна мебошад»
ДУШАНБЕ, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Бахтигул Карриева аз тарзи фаъолияти табибони вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор дошт, ки таҷриба ва коргузории кормандони муассисаҳои тиббии ин вилоят ҳамчун намуна барои дигар кишварҳо пешниҳод шудааст.
Ёдовар мешавем, ки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самараддин Ализода ва роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Бахтигул Карриева дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот намуд ва ин матлаб зимни он изҳор гардид. Дар мулоқот перомуни вазъи эпидемиологӣ ва тадбирандешиҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19 мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба фаъолияти Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19 маълумот дода, иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баҳри пешгирии бемории сироятӣ аз тамоми имконият истифода бурда мешавад. Дар вилояти Суғд фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ зери назорат қарор дошта, ҷиҳати пешгирии беморӣ мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва риояи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, истифода аз ниқобҳои муҳофизативу маводи антисептикӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти давлатӣ, табибону олимони соҳаи тиб ва коршиносон гурӯҳҳои корӣ ташкил гардида, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ пурзӯр карда шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои сари вақт дастрас намудани таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва доруворӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намуда, вазъро таҳти назорат қарор додааст.
Зимни мулоқот раиси вилоят ҳамзамон барои фиристодани табибони хориҷӣ ба вилояти Суғд ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори сипос намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент марказҳои ташхиси бемории коронавирус ташкил хоҳанд шуд, ки барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии пандемия мусоидат менамоянд.








Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»






