«ШАХСИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН ТАВЪАМ АСТ». Чунин мешуморад сиёсатшиноси рус, мудири шуъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин

Ноябрь 17, 2020 11:59

ДУШАНБЕ, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил қариб ҳамеша зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мавҷуд будааст. Шахсияти президенти амалкунандаро аз таърихи муосири Тоҷикистон ҷудо кардан ғайриимкон аст», — изҳор намуд Андрей Грозин, мудири шуъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои таърих зимни мусоҳиба бо Sputnik дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирӯз таҷлил шуд.

Ба ақидаи ӯ, Тоҷикистони имрӯза — парвардаи дасти Эмомалӣ Раҳмон аст.

Коршинос илова намуд, ки теъдоди зиёди «маҳдудият» садди роҳи рушди ҷумҳурӣ мебошанд.

«Инҳо сохтори иқтисодиёт, фишори демографӣ ва инчунин мероси ҷанги шаҳрвандӣ, ки иқтисоди Тоҷикистонро комилан хароб намуд, мебошанд. Дар чунин шароит роҳбарӣ намудани кишвар хеле мушкил аст», — гуфт А. Грозин, коршиноси масоили амнияти миллӣ ва ҳамкории баргузидагон дар кишварҳои пасошӯравии Осиё.

Ба қавли сиёсатшиноси рус, он ки Тоҷикистон дар даҳсолаи охир ба масири рушди мӯътадил ворид шудааст — ин хидмати Эмомалӣ Раҳмон ва одамонест, ки вай ба дастаи худ ҷалб кардааст.

«Ба Эмомалӣ Шарипович даъвоҳои  зиёд пешкаш карда мешаванд, ки гӯё ӯ кадом кореро нодуруст кардааст ё чизеро то ба охир нарасонидааст. Вале аз дур истода, ҳукм кардан ҳама метавонанд. Ба ҳама чиз бояд бо дидаи ақл нигарист ва мунсифона баҳо дод”, — афзуд ӯ.

Ба ақидаи Грозин: «Эмомалӣ Раҳмон комилан сарвари муваффақ ва мусбат мебошад. Интихоботи гузаштаи президентӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки барои аксари шаҳрвандони Тоҷикистон маҳз субот арзиши умда, асосӣ ва баҳснопазир аст».

«Субот дар Тоҷикистон маҳз ба шахсияти президенти амалкунанда рабт дода мешавад», — зикр намуд ӯ.

                                                                             АКСИ: Sputnik

Ноябрь 17, 2020 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон