Тақсимоти китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи мамлакат оғоз мегардад

Ноябрь 17, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябри соли 2020 дар назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо иштироки муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ҷаласаи кории комиссия ҷиҳати марҳила ба марҳила тақсим кардани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Абдуҷаббор Раҳмонзода зикр намуд, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи мамлакат туҳфа карда шавад.

Интишори китоб бо пешгуфтори пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶСП «Нашриёти муосир» бо сифати баланд, дар ҳаҷми 61 ҷузъи чопӣ оғоз шуд. То имрӯз аз ҷониби нашриёти мазкур китоби «Тоҷикон» бо теъдоди 15 ҳазор нусха ба нашр расидааст, ки дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзандаест.

Ёрдамчии Президенти мамлакат тазаккур дод, ки тақсимоти он аз ноҳияҳои Мурғоб ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шурӯъ мешавад. Дар рӯзҳои наздик ба ин ноҳияҳои дурдасти мамлакат корвони мошинҳо бо туҳфаи бебаҳои Роҳбари давлат раҳсипор хоҳад гардид.

Раисикунанда аз аъзои комиссия талаб намуд, ки туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар умум бо теъдоди 1 600 000 нусха ба табъ хоҳад расид, бо тартиби муқарраргардида бояд ба ҳар як оилаи ҷумҳурӣ дастрас карда шавад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода бо боварӣ изҳор намуд, ки ҳар фарди худогоҳи мамлакат аз туҳфаи Роҳбари давлат ғизои маънавӣ гирифта, дониши худро дар шинохти таърихи миллати хеш боз ҳам амиқтар хоҳад намуд.

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Ноябрь 17, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Корманди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 довталаб соҳиби Шоҳҷоиза шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ 94 нафар ғолиб гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз довталабони озмун барои «Шоҳҷоиза» рақобат менамоянд
Довталабони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо адибон вохӯрӣ намуданд
Иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: «Озмун сабқате ба манфиати ҷомеа, давлат ва миллат аст»
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
ИМТИЁЗИ БЕШТАР. Ба 434 довталаби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Сертификат тақдим мегардад