Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: Сатҳи гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар Душанбе коҳиш ёфтааст

Ноябрь 23, 2020 15:17

ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Хушбахтона, имрӯзҳо сатҳи гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ, алалхусус дар  шаҳри Душанбе коҳиш ёфтааст. Ҳоло дар муассисаҳои сатҳи беморхонавии шаҳри Душанбе 8 нафар бо бемории COVID-19  бистарӣ буда,  дар сатҳи дармонгоҳӣ ё табобати хонагӣ 17 нафар бемор табобат мегиранд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар муассисаҳои сатҳи беморхонавии шаҳри Душанбе  63 нафар бемор ва дар сатҳи дармонгоҳӣ 30 нафар бемор бо илтиҳоби шуши  баъдиковидӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Ин натиҷаи дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба соҳаи тандурустӣ мебошад. Зеро аз рӯзҳои аввали бақайдгирии бемории COVID-19 бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе  ҷиҳати пешгирӣ ва табобати ин беморӣ муассисаҳои тандурустии пойтахти мамлакат бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардиданд.

Бо мақсади омодагӣ ба ҳолати эҳтимолии  мавҷи дуюми бемории COVID-19 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе якчанд корҳои назаррас ба анҷом расонид.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе барои табобати ин гуна беморон зиёда аз 1000 кат пешбинӣ гардида,  ҳангоми зарурат 2000 кати дигар  омода мебошанд. Бо мақсади  муътадил гузаронидани фасли зимистон имрӯз шуъбаҳои эҳё ва сироятии муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе аз нав таъмир  гардида, бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ  таъмин карда мешаванд.

Корҳои таъмирӣ ва бо таҷҳизоти нави тиббӣ  таъмин намудани шуъбаҳои сироятӣ ва эҳёи беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, махсусан шаҳри Душанбе минбаъд низ идома меёбанд.

Ҳамзамон бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар анбори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе захираи зарурии маводи доруворӣ ва безараргардонӣ, маводи худмуҳофизатӣ, таҷҳизоту асбоби тиббӣ, аз ҷумла  дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ мавҷуд мебошанд.

Расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани чунин хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чандин муассисаҳои тандурустии пойтахт бо нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин карда шуданд.

Бояд гуфт, ки дар давраи паҳншавии бемории COVID-19 саҳми кормандони «Ёрии таъҷилӣ»-и пойтахт ҷиҳати расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ хеле назаррас мебошад.

Хушбахтона, имрӯзҳо ин бахши соҳаи тандурустӣ низ дар пойтахти мамлакат рушд намуда, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе беҳтар гардида истодааст.

Иқдоми саривақтие, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар давраи паҳншавии бемории COVID-19 амалӣ намуд, ин боздид аз муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, бунёди муассисаҳои муваққатии тиббӣ бо мақсади табобати ин навъи беморон, ҷиҳати пешгирии ин беморӣ ва табодули таҷриба ба пойтахти  мамлакат даъват намудани мутахассисони баландпоя аз кишварҳои хориҷӣ ба шумор меравад.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба масъалаи таъмин намудани муассисаҳои тандурустии пойтахт бо табибони баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳим дар ин самт буд, ки айни замон муассисаҳои тиббии пойтахти мамлакат бо табибони дорои таҷриба ва малакаи баланди касбӣ таъмин мебошанд.

Ноябрь 23, 2020 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон