Ҳайатҳои Тоҷикистону Германия масъалаҳои тавсеаи ҳамкории судмандро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия тариқи видеоконфронс гуфтушунидҳо дар масъалаҳои рушди ҳамкории минбаъдаи ду кишвар доир гардиданд, иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Германияро Ваколатдор оид ба кишварҳои Осиёи Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) Гизела Хаммершмидт роҳбарӣ намуда, ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия боз ҳам рушд ва тақвият меёбад.
Абураҳмон Абдураҳмонзода зикр кард, ки бо шарофат ва иродаи олии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории стратегии кишварҳои мо ба сатҳи баланд баромада, самтҳои афзалиятнокро дар бар мегиранд.
Гуфтушунидҳо дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо дарназардошти натиҷаи машваратҳои қаблии байниҳукуматӣ, ки соли 2019 дар Душанбе доир гардида буд, маблағҳои грантии ҷониби Германияро ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон равона менамоянд.
Ҳайатҳои ҳарду кишвар масъалаҳои ҳамкории кунунӣ ва минбаъдаро дар самтҳои асосӣ, аз қабили соҳаҳои рушди устувори иқтисодӣ, тандурустӣ, бахши маблағгузории хурд, энергетика, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи муҳити зист муҳокима карданд.
Дар рафти гуфтушунидҳо ҷониби Тоҷикистон маблағҳои грантии Ҳукумати Германия, ки 19,2 миллион евроро ташкил медиҳад, барои соҳаи тандурустӣ ҷалб намуд. Аз ҷумла аз ин маблағҳо 11 миллион евро барои сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон равона мегардад.
Инчунин дар доираи гуфтушунидҳо ба дигар лоиҳаҳои афзалиятнок, аз қабили мусоидат ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, Беморхонаи ҷумҳуриявии кӯдаконаи бемориҳои сил ва рушди устувори иқтисодӣ маблағҳои иловагӣ ҷалб карда шуданд. Дар анҷоми гуфтушунидҳо протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






