Бонки миллӣ ба «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» 1 тонна маводи хӯрока кумак намуд

Декабрь 30, 2020 14:26

ДУШАНБЕ, 30.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» кӯмак расонид. Кӯмак аз 1 тонна маводи хӯрока – шириниҳо, равған, биринҷ, марҷумак, макарон ва дигар маҳсулоти  донагӣ, инчунин 14 номгӯй либосҳои зимистона,  дастгоҳи гармидиҳандаи барқӣ, 240 адад туҳфаи солинавӣ, маводи гигиенаи шахсӣ барои беҳдошти вазъи саломатӣ иборат мебошад. Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо шароити зисти бошандагони муассисаи мазкур шинос шуда,  маводи  зикршударо дастраси онҳо гардониданд.

Мавриди  зикр аст, ки ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии ҳамешагии онҳо,  аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Декабрь 30, 2020 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд