Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили бошукуҳи Рӯзи байналмилалии маъюбон дар саросари мамлакат далели сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд маҳсуб мешавад. Моҳи сентябри соли равон зиёд гардидани андозаи нафақаи маъюбон шаҳодати гуфтаҳои боло мебошанд. Дар мамлакат то 1 ноябри соли 2019 шумораи умумии маъюбон 148 ҳазору 348 нафар, аз ҷумла маъюбони гурӯҳи якум 15 ҳазору 454 нафар, гурӯҳи дуюм 71 ҳазору 368 нафар, гурӯҳи сеюм 33 ҳазору 260 нафар, инчунин, кӯдакони маъюби то 18-сола 27 320 нафарро ташкил медиҳад.
Ин нуктаро имрӯз Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки дар Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон» дар шаҳри Душанбе доир гардид, баён намуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки баҳри амалӣ шудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дастгирии маъюбон аз ҷониби давлат тадбирҳои дорои аҳамияти стратегӣ қабул гардиданд. Қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 «Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва баимзорасонии Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон намунае аз ин тадбирҳо мебошанд.
«Вазорат ва муассисаҳои марбута дар омода намудани мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони имконияташон маҳдуд баҳри таъмини баробарии онҳо дар ҷомеа, дастрасӣ ба ҳуқуқҳо, фароҳамоварии шароити мусоиди ҳаётгузаронӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ хоҳанд намуд. Инчунин бо қаноатмандӣ аз ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешавем, ки ҳалли масоили ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар мадди назари аввал қарор дорад», -иброз дошт номбурда.
Сипас аз ҷониби муҳассилини Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон» баҳри иштирокдорон барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Тавре дар суҳбат бо мо директори муассисаи мазкур Хуршед Исматуллозода иброз дошт, «дар ҷомеаи имрӯза бисёр шахсони имконияташон маҳдуде ҳастанд, ки новобаста ба нуқсонҳои худ дар ҷамъият ҳамчун шахсони пешқадаму фаъол шинохта шудаанд. Имрӯзҳо бештари онҳо ҳамчун варзишгар, рассом, сарояндаю ҳунарманд дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Муассисаи мо низ барои соҳибкасб шудан ва дар ҷомеа мавқеъ ёфтани чунин шахсон фаъолият мекунад».
Бояд гуфт, ки маъюбон узви комилҳуқуқи ҷомеа буда, ҳамасола барои табобати санаторию курортӣ, таъмин бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, бо ҷои кор фаро гирифтани маъюбони дорои қобилияти меҳнатӣ, беҳтар кардани шароити зисти онҳо аз буҷети мамлакат маблағҳои зарурӣ ҷудо мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон ба шахсони имтиёздор барои табобати санаторию курортӣ 333 ҳазор сомонӣ, барои рафтуомади маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин нафақахӯрон барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, барои давраи зимистонгузаронии маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷиҳати истифодаи ангишт ва ё маводи сӯхт 120 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки ин шаҳодати таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба табақаи ниёзманди ҷомеа мебошад. Маблағи умумии ҷудошуда барои маъюбону пиронсолони яккаву танҳое, ки дар парастории давлат қарор доранд, соли 2019 44 606 151 сомониро ташкил медиҳад.








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






