Дар Душанбе шаби эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло бо шукӯҳ таҷлил гардид

Декабрь 24, 2020 14:30

ДУШАНБЕ, 24.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Камол Насрулло яке аз шоирони маъруфи муосир ва  идомадиҳандаи муваффақи мактаби адабии шоирони барҷастаи адабиёти тоҷику форс, бахусус Абӯабдулло Рӯдакӣ буда, дар ашъораш, асосан, муқаддасоту арзишҳои миллӣ, Ватан- Модар, забон, ваҳдату рафоқат, ҳамбастагиву ҳамзистӣ, муҳаббату садоқату ҷавонӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониро тарғибу тараннум кардааст. Ин нукта дар маҳфили бошукӯҳи  фарҳангӣ, ки имрӯз дар Хонаи адибони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аҳли адабу ҳунар ва ҳаводорони шеър ба ифтихори 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ Камол Насрулло баргузор шуд, зикр гардид.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим иброз дошт, ки Камол Насрулло яке аз шоирони маъруфи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки ашъораш пур аз ғояҳои ватандӯстиву худшиносӣ, худогоҳиву доштани ҳуввияти миллӣ, тараннумгари меҳри Модар, хоҳар, муҳаббати пок ва мавзӯоти гуногуни бархурди давру замон аст ва аз ин рӯ, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи аҳли адаб ва хонандагон қарор дорад.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ соҳибҷашнро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷумла Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати 70-солагиаш табрик намуда, саҳми Камол Насруллоро дар пешбурди масоили фарҳангии пойтахт ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин баргузории давраҳои шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахт баланд арзёбӣ намуд.

Дар маҳфили шабии эҷодии Камол Насрулло шоирон Ҳақназар Ғойиб, Гулрухсор, Муҳаммад Ғойиб, Аҳмадҷон Раҳматзода, Давлат Сафар ва дигарон дар бораи шахсият ва ашъори  Шоири халқии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Дар маҳфили фарҳангӣ Камол Насрулло шеърҳои тозаэҷод ва гулчини сурудаҳояшро баҳри ҳаводорони шеър қироат кард, инчунин ҳунармандон – Файзалӣ Ҳасан, Афзалшо Шодиев, Хосияти Зарафшонӣ, Бунафша Шокирова ва чанди дигар бо сурудани шеърҳо аз ашъоли Камол Насрулло ба маҳфил  ҳусни тоза зам намуданд.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

КАМОЛ НАСРУЛЛО 25 декабри соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи №6 ба номи Абдусалом Деҳотии деҳкадаи Колхозчиён (Ғӯсар) фаро гирифта, соли 1971 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанберо ба итмом расондааст. Баъдан корманди Радиои тоҷик (1971-1974), моҳномаи «Машъал» (1974-1976), маҷаллаи «Садои Шарқ», (1976-1981), раҳбари Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ (1981-1986), солҳои 1986-2013 муассис ва сардабири моҳномаҳои кӯдакон – «Чашма» ва «Родник» будааст. Соли 2013 муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъин гардидааст.

Нахустин чакидаҳои хомааш аз соли 1967 дар матбуоти даврӣ чоп шуда, дарак аз зуҳури ҷавоншоире умедбахш овардаанд. Баъдан ашъораш дар маҷмӯаҳои «Навгонӣ» (1978), «Барги зуф» (1980), Нидои шаҳидон (1981), «Гузаргоҳи дил» (1983), «Номаи боли кабӯтар» (1988), «Нома ба Офтоб» (1988), «То даме, ки лонаҳо гарманд» (1993), «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» (1996), «Дар фурудгоҳи як таманно» (2003), «Фаросӯйи нигоҳ» (2007), «Рӯ ба меҳроби Ватан» (2010), «Зангӯлаи фарёд»(2011), «Ашки сапеда» (2011) «Поиск пути» (дар маҷмӯаи «Молодые поэты Средней Азии». – Маскав, 1982), китоби алоҳидаи «За птицами вслед» (Маскав, 1987),маҷмӯаҳои гуногуни дастҷамъӣ ва маҷаллаву ҷаридаҳои бонуфузи умумииттифоқиву ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд.

Маҷмӯаҳои дигари ашъори ӯ – «Дар суроғи чашмаи овоз» (2007) ва «Гулхани гул (2013) дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интишор ёфта, мавриди писанди ҳамзабонони бурунмарзӣ қарор гирифтаанд.

Аз ривоҷу идомадиҳандагони муваффақи мактаби адабии устод Лоиқ буда, дар ашъораш, асосан, муқаддасоту муҳассаноти миллӣ, Модару Ватану Забон, ваҳдату рафоқати ҳамагонӣ, муҳаббату садоқату ҷавонӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониро тарғибу тараннум кардааст.

Дар танқиду чеҳранигории адабӣ ва очерку публитсистика ҳам дасти тамоме дошта, нисбат ба вақоеъи ҳассоси зиндагӣ ва таҳаввулоти ҷаззоби иҷтимоӣ ҳамеша мақому мароми сазовори шаҳрвандию ватандорӣ ва суханварию ҳунармандӣ зоҳир намудааст.

Бо иддае аз оҳангсозу сарояндагони мумтози кишвар ҳамкории босамари эҷодӣ дошта, силсилаи таронаҳои бар матни ашъораш офаридашуда дар байни мардум аз иштиҳори тамоме бархурдоранд.

Намунаҳои эҷодаш ба як қатор забонҳои мардуми ҷаҳон баргардон ва чоп шудаанд. Худаш низ дар тарҷумаи бадеӣ, махсусан, осори адибони рус, саҳми назаррас гузоштааст.

Соли 1987 барои маҷмӯаи шеърҳои «Гузаргоҳи дил» сазовори Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1998 барои маҷмӯаи ашъори «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» шоистаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гаштааст.

Шоири халқии Тоҷикистон (2003). Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Аз моҳи августи соли 2015 ба сифати ходими адабӣ дар АМИТ «Ховар» фаъолият менамояд.

Декабрь 24, 2020 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ХОВАЛИНГ ТАЪРИХИ ЯКМИЛЛИОНСОЛА ДОРАД. Он барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат менамояд
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ завқи кадбонугӣ ва анъанаҳои хӯрокпазии миллиро эҳё менамоянд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ шуданд
Олимони ҷавони тоҷик дар машғулияти Мактаби байналмилалии тобистонаи Узбекистон иштирок доранд
Намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон доир мегардад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тақдими китоби «Шоҳнома» ба беш аз 48 ҳазор оилаи шаҳри Ҳисор оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр оғоз мегардад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад