Дар Душанбе шаби эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло бо шукӯҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Камол Насрулло яке аз шоирони маъруфи муосир ва идомадиҳандаи муваффақи мактаби адабии шоирони барҷастаи адабиёти тоҷику форс, бахусус Абӯабдулло Рӯдакӣ буда, дар ашъораш, асосан, муқаддасоту арзишҳои миллӣ, Ватан- Модар, забон, ваҳдату рафоқат, ҳамбастагиву ҳамзистӣ, муҳаббату садоқату ҷавонӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониро тарғибу тараннум кардааст. Ин нукта дар маҳфили бошукӯҳи фарҳангӣ, ки имрӯз дар Хонаи адибони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аҳли адабу ҳунар ва ҳаводорони шеър ба ифтихори 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ Камол Насрулло баргузор шуд, зикр гардид.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим иброз дошт, ки Камол Насрулло яке аз шоирони маъруфи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки ашъораш пур аз ғояҳои ватандӯстиву худшиносӣ, худогоҳиву доштани ҳуввияти миллӣ, тараннумгари меҳри Модар, хоҳар, муҳаббати пок ва мавзӯоти гуногуни бархурди давру замон аст ва аз ин рӯ, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи аҳли адаб ва хонандагон қарор дорад.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ соҳибҷашнро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷумла Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати 70-солагиаш табрик намуда, саҳми Камол Насруллоро дар пешбурди масоили фарҳангии пойтахт ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин баргузории давраҳои шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахт баланд арзёбӣ намуд.
Дар маҳфили шабии эҷодии Камол Насрулло шоирон Ҳақназар Ғойиб, Гулрухсор, Муҳаммад Ғойиб, Аҳмадҷон Раҳматзода, Давлат Сафар ва дигарон дар бораи шахсият ва ашъори Шоири халқии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Дар маҳфили фарҳангӣ Камол Насрулло шеърҳои тозаэҷод ва гулчини сурудаҳояшро баҳри ҳаводорони шеър қироат кард, инчунин ҳунармандон – Файзалӣ Ҳасан, Афзалшо Шодиев, Хосияти Зарафшонӣ, Бунафша Шокирова ва чанди дигар бо сурудани шеърҳо аз ашъоли Камол Насрулло ба маҳфил ҳусни тоза зам намуданд.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
КАМОЛ НАСРУЛЛО 25 декабри соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи №6 ба номи Абдусалом Деҳотии деҳкадаи Колхозчиён (Ғӯсар) фаро гирифта, соли 1971 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанберо ба итмом расондааст. Баъдан корманди Радиои тоҷик (1971-1974), моҳномаи «Машъал» (1974-1976), маҷаллаи «Садои Шарқ», (1976-1981), раҳбари Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ (1981-1986), солҳои 1986-2013 муассис ва сардабири моҳномаҳои кӯдакон – «Чашма» ва «Родник» будааст. Соли 2013 муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъин гардидааст.
Нахустин чакидаҳои хомааш аз соли 1967 дар матбуоти даврӣ чоп шуда, дарак аз зуҳури ҷавоншоире умедбахш овардаанд. Баъдан ашъораш дар маҷмӯаҳои «Навгонӣ» (1978), «Барги зуф» (1980), Нидои шаҳидон (1981), «Гузаргоҳи дил» (1983), «Номаи боли кабӯтар» (1988), «Нома ба Офтоб» (1988), «То даме, ки лонаҳо гарманд» (1993), «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» (1996), «Дар фурудгоҳи як таманно» (2003), «Фаросӯйи нигоҳ» (2007), «Рӯ ба меҳроби Ватан» (2010), «Зангӯлаи фарёд»(2011), «Ашки сапеда» (2011) «Поиск пути» (дар маҷмӯаи «Молодые поэты Средней Азии». – Маскав, 1982), китоби алоҳидаи «За птицами вслед» (Маскав, 1987),маҷмӯаҳои гуногуни дастҷамъӣ ва маҷаллаву ҷаридаҳои бонуфузи умумииттифоқиву ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд.
Маҷмӯаҳои дигари ашъори ӯ – «Дар суроғи чашмаи овоз» (2007) ва «Гулхани гул (2013) дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интишор ёфта, мавриди писанди ҳамзабонони бурунмарзӣ қарор гирифтаанд.
Аз ривоҷу идомадиҳандагони муваффақи мактаби адабии устод Лоиқ буда, дар ашъораш, асосан, муқаддасоту муҳассаноти миллӣ, Модару Ватану Забон, ваҳдату рафоқати ҳамагонӣ, муҳаббату садоқату ҷавонӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониро тарғибу тараннум кардааст.
Дар танқиду чеҳранигории адабӣ ва очерку публитсистика ҳам дасти тамоме дошта, нисбат ба вақоеъи ҳассоси зиндагӣ ва таҳаввулоти ҷаззоби иҷтимоӣ ҳамеша мақому мароми сазовори шаҳрвандию ватандорӣ ва суханварию ҳунармандӣ зоҳир намудааст.
Бо иддае аз оҳангсозу сарояндагони мумтози кишвар ҳамкории босамари эҷодӣ дошта, силсилаи таронаҳои бар матни ашъораш офаридашуда дар байни мардум аз иштиҳори тамоме бархурдоранд.
Намунаҳои эҷодаш ба як қатор забонҳои мардуми ҷаҳон баргардон ва чоп шудаанд. Худаш низ дар тарҷумаи бадеӣ, махсусан, осори адибони рус, саҳми назаррас гузоштааст.
Соли 1987 барои маҷмӯаи шеърҳои «Гузаргоҳи дил» сазовори Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1998 барои маҷмӯаи ашъори «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» шоистаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гаштааст.
Шоири халқии Тоҷикистон (2003). Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Аз моҳи августи соли 2015 ба сифати ходими адабӣ дар АМИТ «Ховар» фаъолият менамояд.













БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд






