Дар коргоҳи нави дӯзандагии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 25 нафар бонувони хонанишин бо кор таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Чашмасори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноҳид» коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар коргоҳи мазкур зиёда аз 25 нафар бонувони хонанишини пойтахт бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар маросими кушодашавии ин корғоҳ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок доштанд. Дар ин бора муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
«Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри касбу ҳунаромӯзии занону духтарони хонашин ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар пойтахт тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ба кор даромадани коргоҳи мазкур низ аз ҷумлаи онҳост»,- иброз намуд муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода.
«Корхонаи навбунёд бо дастгоҳҳои муосири дӯзандагӣ, ки даҳҳо амалиётро анҷом медиҳанд, ҷиҳозонида шудааст. Аз ин рӯ, дар навбати аввал 25 нафар занони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, ба онҳо мутахассисони соҳибтаҷриба тарзи истифода аз ин дастгоҳҳоро меомӯзонанд. Коргоҳи дӯзандагӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода шуд»,-афзуд номбурда.
Ёдовар мешавем, ки ду рӯз пеш бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои 80 нафар духтарону бонувони пойтахт дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе» давоми як моҳ курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» ташкил карда шуд.
Ташкили курсҳои омӯзишӣ ба соҳибкасб намудани занону бонувон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии занону бонувон аз оилаҳои ниёзманд ва мусоидат ба беҳдошти вазъи иҷтимоии занону духтарон равона гардидааст.
Соли равон дар пойтахт аз ҷониби мақоми шаҳрии ваколатдори соҳа 2166 нафар занону бонувон ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 410 нафар зиёд мебошад.








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






