Дар Кумитаи рушди маҳал ҳолат ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баррасӣ шуд

Декабрь 5, 2020 10:11

ДУШАНБЕ, 5.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳолат ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти ин унвон 4 декабр бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон суҳбати “мизи мудаввар” баргузор гардид. Дар кори он  олимону мутахассисон фаъолона иштирок намуданд.

Тавре аз Кумитаи рушди маҳал ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   дар ҳамоиш  масъалаҳои ҳамкорӣ, роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда дар сатҳи маҳал ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодие, ки ба рушди минтақаҳо равона гарида буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни ҳамоиши илмӣ ҳамчунин оид ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва «Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ибрози назар карда шуд.

Зикр шуд, ки 62 адад барномаҳои минтақавӣ оид ба рушди маҳал ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2020 ба итмом мерасанд. Айни замон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021 – 2025” мавриди таҳия ва тасдиқ қарор дорад.

Декабрь 5, 2020 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид