Муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён туҳфаҳои идонаи Пешвои миллатро ба 316 нафар кӯдакони маъюби шаҳри Ҳисор расонид
ҲИСОР, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо тарбиягирандагон ва омӯзгорони муассиса мулоқот намуда, туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо таманниёти солинавӣ ба маъюбону омӯзгорон тақдим намуданд. Кӯдакону наврасони маъюб аз ин меҳрубонӣ ва лутфу марҳамати Пешвои миллат шод гардида, бо арзи сипосу эҳтиром дар васфи Ватан-модар, истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллӣ шеърҳо қироат намуданд.
Дар муассисаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус 316 нафар кӯдакони маъюб аз вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба тарбия фаро гирифта шудааст, ки онҳо пайвастаи зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд. Дар ин муассиса кӯдакони маъюбро устодону мураббияҳои ғамхор бо меҳру муҳаббат парасторӣ менамоянд.
Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои муассиса аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири пурра гардида истодааст. То ин муддат толори маҷлисгоҳ, хобгоҳҳои кӯдакон ва як қисми дигари бино пурра таъмир шуда, шароити кӯдакони маъюб хуб гардидааст. Онҳоро бо аробачаҳои нави маъюбӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудаанд.








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






