Ду корхонаи истеҳсолии Тоҷикистон дар озмуни ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ғолиб омаданд

Декабрь 23, 2020 09:36

ДУШАНБЕ, 23.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ду ширкати истеҳсолии Тоҷикистон — ҶДММ КМ «Силкоат бойя» ва ҶДММ «Ваҳдат» дар озмуни  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ғолиб омаданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт».

Бино ба иттилои манбаъ, ҷоизаи озмун ба ғолибон 22 декабр дар доираи ҷаласаи 58-уми Шўрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ, ки ба таври видеоконференсия доир гардид, тақдим шуд.

«Дар қатори корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи ватанӣ — ҶДММ КМ «Силкоат бойя» (истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ) аз шаҳри Хуҷанд  ва ҶДММ «Ваҳдат» (истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, ҷўроб) аз ноҳияи Ёвон барои иштирок дар озмуни мазкур  пешбарӣ шуда буданд. Дар ҷаласаи навбатии Шўрои иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ, ки  санаи 13 марти  соли 2020 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия  баргузор гардид, ин корхонаҳои ватанӣ ба ҷоизаҳои балантарини озмун – Лауреати озмун сарфароз гаштанд», — илова намуд манбаъ.

Дар «Тоҷикстандарт» зикр намуданд, ки ҳоло дар вилоятҳои Суғду Хатлон корҳои фаҳмондадиҳӣ барои иштироки корхонаҳои истеҳсолӣ  дар озмуни мазкур дар соли 2021 ҷараён доранд.

Декабрь 23, 2020 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд