Филми «Сафарнома: ёддоштҳо дар пайроҳаи мерос» дар кинофестивали байналмилалӣ иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 12.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филми мустанади «Сафарнома: ёддоштҳо дар пайроҳаи мерос» моҳи январи соли 2021 дар озмуни филмҳои маънавию ахлоқии XIX кинофестивали байналмилалии шаҳри Даккаи Бангладеш иштирок мекунад. Дар ин бора коргардони филм Шарофат Арабова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Кинофестивали мазкур яке аз калонтарин ҳамоишҳои кинои Бангладеш ба ҳисоб меравад.
Филми мазкур дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо коргардонии Шарофат Арабова таҳия гардидааст. Ин филм ёддоштҳо ва нигоштаҳое дар роҳанд, ки баҳори соли 2019 дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Бохтар ва Ҳисор чун филми мушоҳидаҳо ва андешаҳои муаллиф оид ба сарчашмаҳои фарҳанги маънавии тоҷикон ба навор гирифта шудааст.
Тавре коргардон Шарофат Арабова дар суҳбат иброз намуд, дар филми мазкур мусиқии класикии тоҷик «Шашмақом», аз ҷумла мақомҳои «Рост» ва «Наво», ки сохторашон тамсилан ба роҳ монанд аст, истифода мешаванд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дар озмуни филмҳои маънавию ахлоқии XIX кинофестивали байналмилалии шаҳри Даккаи Бангладеш филми «Сафарнома: ёддоштҳо дар пайроҳаи мерос» ба таври онлайн иштирок хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки филми мустанад инчунин дар озмуни байналмилаии филмҳои баланди мустанад дар кинофестивали байналмилалии «Дидор» соли 2019 низ иштирок намуд.








Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд






