ФУТБОЛ. Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA як зина боло шуд

Декабрь 1, 2020 15:31

ДУШАНБЕ,01.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар феҳристи нави FIFA, ки 26 ноябр чоп шуд, Тоҷикистон як зина боло баромад ва ҷои мавқеи 121-умро касб намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи ин созмон.

Белгия бо 1780 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1755 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1743 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар феҳристи нав соҳиби 1143 имтиёз гаштааст, ки нисбат ба моҳи гузашта панҷ имтиёз бештар аст. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (122-юм), Литва (129-ум), Туркманистон (132-юм), Латвия (136-ум) ва Молдова (177-ум) пеш аст.

Дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шомиланд, Тоҷикистон мақоми 22-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1502 имтиёз дар зинаи 27-ум) қарор дорад. Эрон  ҷои дуюм (дар ҷаҳон 29-ум, 1496 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ ҷои севум (дар ҷаҳон 38-ум, 1465 имтиёз)-ро   соҳиб шудаанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (24-ум, 1528 имтиёз), Россия (39-ум, 1461 имтиёз) ва Ӯзбекистон (85-ум, 1283 имтиёз) ба даст овардаанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Он 22 декабри соли ҷорӣ аз нав   таҷдид мегардад.

Феҳристи FIFA аз 26-уми ноябри соли 2020:

  • Белгия – 1780 имтиёз;
  • Франсия — 1755;
  • Бразилия — 1743;
  • Англия — 1670;
  • Португалия — 1662;
  • Испания — 1645;
  • Аргентина — 1642;
  • Уругвай — 1639;
  • Мексика — 1632;
  • Италия — 1625.

Кишварҳои пасошӯравӣ:

  • Украина – 1528 имтиёз;
  • Россия — 1461; — 39-ум
  • Ӯзбекистон — 1283; 85-ум
  • Беларус — 1269; 88-ум
  • Гурҷистон — 1267; 89-ум
  • Қирғизистон — 1240; — 96-ум
  • Арманистон — 1233; 99-ум
  • Эстония — 1180; 109-ум
  • Озарбойҷон — 1180; 110-ум
  • Тоҷикистон — 1143; 121-ум
  • Қазоқистон — 1142; 122-юм
  • Литва — 1114; 129-ум
  • Туркманистон — 1107; 132-юм
  • Латвия — 1082; 136-ум
  • Молдова — 950, 177-ум.
Декабрь 1, 2020 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид