Хоҷагии деҳқонии «Эмом»-и ноҳияи Муъминобод парвариши чорвои калони хушзоти сарсафеди қазоқӣ ва абердин-мангусро ба роҳ мемонад
ДУШАНБЕ, 19.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии деҳқонии «Эмом»—и ноҳияи Муъминобод тасмим гирифтааст, ки дар мавзеи санглохзамини деҳаи Гулистон фермаи чорвопарварӣ ташкил намояд. Айни замон ду бинои асосӣ сохта шуда, дар он 145 сар чорво парвариш меёбад. Ин чорво асосан зотҳои беҳтаркардашудаи маҳаллӣ мебошанд, ки ҳар кадом 250-270 килограммӣ вазн доранд.
Тавре сардори хоҷагии деҳқонии мазкур Эмом Алиев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, васеъ намудани доираи фаъолият дар ин самт идома дошта, аз ҷумла, сохтани ду кашар барои парвариши чорвои майда, хобгоҳи умумӣ ва ҳаммом барои коргарон дар назар дошта шудааст.
«Дар хоҷагӣ барои зимистонгузаронии чорво захираи хошок фароҳам оварда шудааст. Мақсад дорем, ки дар оянда саршумори гӯсфандро зиёд намуда, чорвои калони хушзоти сарсафеди қазоқӣ ва абердин-мангусро, ки ба маҳалу иқлими ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг ва Балҷувон мутобиқ гардонида шуда, вазни ниҳоии онҳо 600-700 килоро ташкил медиҳад, парвариш намоем»,-афзуд номбурда.
Иттилоъ дода шуд, ки аҳли хоҷагии деҳқонии «Эмом» барои парвариши юнучқа, ҷуворимакка, лаблабую қатрабон 15 гектар замини обиро ба иҷора гирифтанд, то ки аз ин ҳисоб захираи хӯроки чорворо таъмин кунанд.
Сарвари хоҷагии «Эмом» иброз дошт, ки ин талошҳо бо мақсади фаровон намудани гӯшти арзон дар бозор, саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ба ин васила ба даст овардани даромад ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста барои аъзои хоҷагӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Муъминобод, ки иклимаш барои чорвопарварӣ мувофиқ аст, солҳои охир ин соҳа рушд карда, ҳоло сад хоҷагии деҳқонӣ ба парвариши чорво машғул аст ва бунёди чор фермаи дигар идома дорад.
Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






