ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Тоҷикистон ҷуғрофиёи парвозҳояшро фарох мегардонад

Декабрь 7, 2020 14:17

ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, ки ҳамкориро бо кишварҳои хориҷӣ густариш бахшида, ҷуғрофиёи парвозҳоро фарох созад. Тибқи нақша дар оянда  ба  Арманистон, Гурҷистон, Британияи Кабир, Малайзия, Шриланка ва Уммон парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда хоҳанд шуд.

Тавре директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром СУБҲОНЗОДА дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА изҳор дошт, лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ бо ин кишварҳо бо баъзе вазорату идораҳои марбутаи мамлакат мувофиқа карда шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки 7 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии  авиатсияи гражданӣ /International Civil Aviation Day/ таҷлил мегардад. Рӯзи байналмилалии  авиатсияи гражданӣ  ҳамасола 7 декабр дар рӯзи таъсиси ИКАО ҷашн гирифта мешавад. Ба ин рӯз Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сол муқаддам –соли 1996 бо дархости ИКАО, ки санаи таъсиси ИКАО аст, асос гузошт. Ин рӯз ҳамчун ид аз соли 1994- панҷоҳумин солгарди имзои Конвенсияи байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Чикаго ҷашн гирифта мешуд. Ассамблеяи Генералии СММ аз ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва миллӣ даъват кард, ки барои таҷлили Рӯзи байналмилалии авиатсияи шаҳрвандӣ тадбир андешанд.

Соли равон таҷлили Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ ба давраи пандемияи COVID-19 рост омад, аз ин рӯ ин рӯз дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таҷлил намегардад.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода мегӯяд, ки вазъи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба рушд ниҳодааст. Бархе аз парвозҳои мунтазами байналмилалӣ, ки дар иртибот ба пандемияи COVID-19 муваққатан қатъ гардида буданд, барқарор шуданд.  Алҳол ҳафтае як маротиба дар масири Душанбе- Истанбул-Душанбе ва Душанбе –Дубай-Душанбе парвозҳои ҳавоӣ аз ҷониби  ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Туркиш Эйр» ва «Флай Дубай»  ба роҳ монда шудаанд. Инчунин ҳамарӯза 5-6 парвози ҳавоӣ ба шаҳрҳои Россия барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Россия  аз сӯи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  ва се парвоз ҳар рӯз аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Россия барои баргардонидани шаҳрвандони Россия аз Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. Ҳамзамон  ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда парвозҳои ҳавоӣ дар масири Душанбе-Тошканд, Душанбе–Урумчӣ ва Душанбе –Минск барқарор ва ба роҳ монда шаванд.

Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мунтазам ба рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин аст, ки бо мақсади мутамарказ намудани соҳаи авиатсияи гражданӣ моҳи декабри соли 2017  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳруии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳида  танзим ва назоратро дар соҳаи авитсияи гражданӣ ба роҳ мемонад.

Бо таъсиси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори соҳаи авиатсияи граждании мамлакат  мутамарказ гардонида шуд. Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи авиатсияи граждании мамлакат саъю талош намуда, ҷиҳати васеъ намудани  ҷуғрофиёи парвозҳо,  афзоиши хатсайрҳо ва хизматрасониҳо ба мусофирон,  мустаҳкам кардани инфрасохтори соҳа   мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад. Зарфи солҳои охир инфрасохтори соҳаи авиатсияи граждании  Тоҷикистон рушд ёфта, бунёди терминали наву муосири боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, сохтмони  манораи муназзами диспетчерӣ дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» аз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар рушди соҳаи авиатсияи граждании мамлакат нақши муассир мегузоранд.

Ҳамзамон бо дахли баланд бардоштани касбияти мутахассисону кормандони сохторҳои авиатсияи граждании  мамлакат Икром Субҳонзода афзуд, ки яке аз  талаботи ИКАО такмили ихтисос, таъмини бехатарии авиатсия ва парвозҳо мебошад.

Агентии авиатсияи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташкилоти бонуфуз созишнома ба имзо расонида, барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кормандон тадбирҳои муассир меандешад. Ин аст, ки 50 нафар мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ дар 9 моҳи соли равон дар курсҳои такмили ихтисос дар кишварҳои хориҷӣ ва ҷумҳурӣ дараҷаи тахассусиашонро баланд бардоштанд. Инчунин соли 2019  15  нафар кормандони соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон дар давлатҳои Россия, Туркия ва Франсия аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.

      Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

P.S. АМИТ «Ховар» тамоми кормандони соҳаи авиатсияи граждании мамлакатро бо Рӯзи  байналмилалии авиатсияи гражданӣ табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва муваффақият орзу менамояд.

Декабрь 7, 2020 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд
Пешвои миллат: «Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст»
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Рӯзи Модар рамзи эҳтиром ва қадршиносии махсуси давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар мебошад