Имсол дар МОИ «Данғара» ба маблағи 21585,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тӯли 9 моҳи соли равон дар корхонаҳои саноатии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба маблағи 21585, 3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маблағи 21585,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти тавлидгардида 6829 ҳазор сомонӣ ба корхонаи «Тоҷпласт-1», 516 ҳазор сомонӣ ба корхонаи «Грин голд», 121,7 ҳазор сомонӣ ба субъекти «Миср-2001», 1266 ҳазор сомонӣ ба корхонаи «Детйен Бетон», 11 400 ҳазор сомонӣ ба субъекти «Ауфен» 1076,7 ҳазор сомонӣ ба ширкати «Ғаюр саноат», 145 ҳазор сомонӣ ба ширкати «Тоҷи Осиё», 194,9 ҳазор сомонӣ ба ширкати «Сохтмон» ва 36 ҳазор сомонӣ ба ҶДММ «Оро» рост меояд.
Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ки дар ҷануби Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон воқеъ аст, дар масоҳати 521,3 гектар доман густурдааст. Имсол дар МОИ «Данғара» 9 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда истодаанд. Ҳазамон моҳҳои январ-сентябри соли равон дар МОИ «Данғара» ба маблағи 17080, 3 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ҶММ «ТК ОЙЛ» иҷро гардидаанд.
ДАР АКС: Корхонаи коркарди нафт дар МОИ «Данғара». Акс аз сомонаи МОИ «Данғара»








Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






