Китобхонаи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон замонавӣ гардонида шуд

Декабрь 11, 2020 14:12

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз китобхонаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шакли  нав  ба қабули хонандагон ва ниёзмандон оғоз намуд. Ин махзани маърифату иттилоъ бо мизу курсиҳои нав, рафҳову ҷевонҳо, тахтаи электронӣ ва дигар василаҳои муосири китобхонаҳо муҷаҳҳаз гардида, дорои осори зиёди адабию тахассусӣ гардид. Дар  ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.

Дар Китобхонаи Маҷлиси намояндагон барои китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи махсус таъсис дода шуда, ҳамарӯза хонандагон аз он баҳра  мебардоранд.

Фонди умумии китобхонаи мазкур  беш аз 17 ҳазор нусха китобҳои гуногуни тахассусӣ, илмию адабӣ, луғату қомусҳои соҳавиро фаро гирифта, аз рӯи хоҳиш пешкаши хонандагон карда мешаванд.

Инчунин дар ин даргоҳи илму маърифат  нашрияҳои даврӣ ва махсусан «Ахбори Маҷлиси намояндагон», рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Народная газета», «Халқ овози» ва дигар  рӯзномаю маҷаллаҳои  даврӣ гирдоварӣ шуда, барои ниёзмандон пешниҳод мегарданд.

Ёдрас мешавем, ки Китобхонаи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон соли 1992 таъсис ёфта, баъд аз ба фаъолияти касбӣ шурӯъ намудани парламенти тоҷик зарурати таъмин ва такмили китобхона афзуда, шумораи китобҳо ва хонандагонаш низ марҳмила ба марҳилда зиёд гардидааст.

Декабрь 11, 2020 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд