Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2020» муайян шуданд

Декабрь 31, 2020 15:36

ДУШАНБЕ, 31.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2020» аз рӯйи се бахш ҷамъбаст  гардида, ғолибон бо Диплом ва маблағҳои пулӣ, ки аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида буд, қадрдонӣ шуданд.

Тавре аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар бахши назм ҷойи аввалро «Таронаборон»-и Сафар Аюбзода Маҳзун, зинаи  дуввум ба китоби «Баҳор овардан осон нест» ва «Пайғом»-и Бузургмеҳри Баҳодур ва Сафар Амирхон, мақоми сеюм ба китоби «Таронаҳои ватандорӣ»-и Шаҳрия Аҳтамзод дода шуд.

«Дар  бахши наср ҷой аввалро «Подош» -и (маҷмӯаи ҳикояҳо) Сироҷиддин Икромӣ, мақоми  дуввумро «Ман хабаркаши модарам»-и  Неъматулло Худойбахш ва ҷойи сеюмро   «Бе ситора нестам»-и   Зулфия Атоӣ  соҳиб гардиданд. Дар бахши асарҳои публисистӣ ҷойи аввал ба «НБО-и «Роғун»-кафолати рушди устувори минтақа»-и Ҳасан Асоев, ҷойи дуввум ба «Сабрин   Гули  худрӯи»-и Бартан ва ҷойи сеюм ба «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айтматов»-и  Абдуғаффор Абдуҷаббор дода шуданд.  Дар бахши  асарҳои назми бачагона ҷойи аввалро «Бо ҳам мо -Тоҷикистон»-и Гулназар Келдӣ, ҷойи дуввумро  «Чашмасор»-и Муродалӣ Собир соҳиб  шуданд. Дар бахши  асарҳои насри бачагона ҷойи аввал ба «Шоҳпарак ва рангинкамон»-и Маҷид Салим, ҷойи дуввум ба «Яке буд, яке набуд»-и      Гулчеҳра Муҳаммадиева ва ҷойи сеюро ба «Шодии талх»-и Сайидо Шарафӣ сазовор донистанд», -афзуд манбаъ.

Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2020» сазовор  пешвоз гирифтани  30-юмин солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон  дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии муосири тоҷик, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, мазмуну муҳтавои онҳо мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амният, садоқат ба Ватан бахшида шудаанд,  мебошад.

Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  эълони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2020» дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат»  чоп шуда буд. Ба озмун аз тарафи муаллифон 39 унвон китобҳои тозанашри бадеии назму наср, публисистӣ ва назму насри бачагона пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати ҳакамони озмуни мазкур – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – раис Низом Қосим, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини раис Қурбоналӣ Абдураҳимзода ва  шоирону нависандагони маъруфи тоҷик  шомил гардида буданд.

Декабрь 31, 2020 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд