Раёсати «Тоҷикстандарт» дар Бадахшон соҳиби таҷҳизоти муосири ташхиси маҳсулоти ғизоӣ гардид

Декабрь 10, 2020 08:56

ХОРУҒ, 10.12.2020 /«Ховар»/. Мутахассисони Раёсати «Тоҷикистандарт» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд дар муддати кӯтоҳ ва бидуни иштибоҳ сифати маҳсулоти хӯрокиро муайян мекунанд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар гузашта бо сабаби кӯҳна ва кам будани асбобу анҷоми озмоишгоҳ  ҳам муҳлати ташхиси маҳсулот ба таъхир меафтод ва ҳам ба таври дақиқ муайян кардани сифати он душвор буд.

Ба гуфтаи муовини сардори раёсати мазкур Гулмамад Гулмамадов, “таҷҳизоти рақамӣ ба мутахассисони соҳа имкон медиҳад, ки онҳо ҷузъитарин нуқсонро дар таркиби маҳсулоти ширӣ, спиртӣ, қаннодӣ ва меваҷоту сабзавот муайян намоянд. Дар бозори марказӣ бештари маҳсулоти шириро ҳанӯз ҳам дар зарфҳои полимерӣ ё пластикии истифодашуда ба фурӯш мегузоранд, ки  мутобиқи талаботи Регламенти техникии «Бехатарии борҷома» истифодаи дубораи зарфҳои полимерӣ қатъиян манъ аст. Чунин зарфҳо танҳо барои нӯшокиҳои хунук ва равғанҳои растанӣ пешбинӣ шудаанд. Ҳангоми мулоқот мутахассисони «Тоҷикстандарт» ба фурӯшандагони маҳсулоти ширӣ тавсия доданд, ки минбаъд  танҳо аз борҷомаҳои шишагин ва ё металлии сирдор истифода баранд”.

Мудири озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокии Раёсати мазкур Ҷамила Маликова гуфт, ки “дар даҳ моҳи соли равон  887 намунаи маҳсулоти ширӣ ва кишоварзӣ барои ташхис ба озмоишгоҳ оварда шуд. Ташхис нишон дод, ки 279 намуди ин маҳсулот ғайристандартӣ буда, саломатии инсонро ба хатар мувоҷеҳ месозанд. Аз ин рӯ дар асоси комиссияи муштараки ниҳодҳои назоратӣ он нобуд карда шуд. Аз 4 ҳазору 576 килограмми маҳсулоти хӯрокӣ 935 килои он сабзавоту зироат мебошад”.

Мудири озмоишгоҳи мазкур гуфт, ки баъди дастрас гардидани таҷҳизоти рақамӣ фаъолияти онҳо дар самти ошкор кардани маҳсулоти хӯрокӣ дар дӯкону мағозаҳои шаҳр ва бозори марказӣ  самараи бештар медиҳад.

Декабрь 10, 2020 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд