Шахсоне, ки бемори коронавирусро аз сар гузаронидаанд, метавонанд муддати дароз дар шинохти бӯйҳо иштибоҳ кунанд
ДУШАНБЕ, 28.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Одамоне, ки бемории ба истилоҳ «коронавируси дарозмуддат» -ро аз сар гузаронидаанд, зери таъсири паросмия — дарки таҳрифшудаи бӯйҳо мондаанашонро зикр карданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Gazeta.ru» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи якшанбе, 27 декабр «Sky News» иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ин беморон, масалан, бӯйи моҳӣ барои онҳо нафратовар буд. Онҳо инчунин аз «бӯйи ширинтоби нофорам» гуфтанд.
Ба фикри профессор Нирмал Кумар, ин таъсир чунин шарҳ дода мешавад, ки SARS-CoV-2 вируси нейротропӣ аст. Он ба асабҳои коми болоии даҳон зарба мезанад, ки барои системаи асаб садамаовар аст.
Мутахассисони созмони AbScent, ки шахсони қувваи шомеаашон вайроншударо дастгирӣ мекунанд, ба чунин одамон тавсия медиҳанд, ки ҳар рӯз ба машқ — нафаскашии бӯйҳои гулҳои садбарг, мехак ва лимӯ дар тӯли 20 сония машғул шаванд. Ба гуфтаи онҳо, ин барқароршавии эҳсоси бӯйҳоро метезонад.
Истилоҳи «коронавируси дарозмуддат» таъсири бемориеро мегӯянд, ки ҳафтаҳо ва ё моҳҳо пас аз ташхис давом мекунад.
Пештар коршиноси пешбари Маркази ташхиси молекулярии Пажӯҳишгоҳи марказии эпидемиологияи “Роспотребнадзор” Михаил Лебедев гуфта буд, ки фурудгоҳ ҷойи эҳтимолан хатарнок дар робита бо имкони сироят ёфтан бо COVID-19 аст. Вай зикр кард, ки дар ин минтақа нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ душвор аст. Ғайр аз ин, дар он ҷо рафҳои пластикӣ истифода мешаванд ва мусофирон дар онҳо ашё ва ҳуҷҷатҳои шахсиашонро мегузоранд.
Олимони бритониёӣ дар моҳи ноябр эълом карда буданд, ки мағозаҳо ҷои хатарноктарин ҳангоми паҳншавии коронавирус мебошанд.
АКС аз «РИА Новости»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






