Тавсияи мутахассис Ҳикматулло Назиров: «Моҳҳои ноябр, декабр ва январ беҳтарин давра барои ниҳолшинонӣ мебошад»

Декабрь 21, 2020 14:05

ДУШАНБЕ, 21.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанд а-  ин охири моҳи ноябр ва декабру январ мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, он барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад. Чунин тавсия медиҳад директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба боғпарварони мамлакат.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад.

«Қоидаҳои асосие, ки бояд барои  шинонидани ниҳол риоя карда шаванд, интихоби дурусти навъҳои ниҳол, замин  ва нуриҳои минералӣ мебошанд. Инчунин ҳар ниҳол ба минтақаи махсус хос аст, аз ин рӯ минтақаро низ хуб ба назар гирифтан зарур аст.  Қоидаи асосӣ- ин кандани чуқурчаҳо барои ниҳол мебошад, ки чуқурӣ ва паҳноии он бояд ба на камтар аз 50-60 см канда шавад. Дар ҳолати кандани чуқурӣ бояд хокро ба се қисм ҷудо намуд-болоӣ, миёна ва охирин ва баъди ниҳолро гузоштан баръакси онро иҷро мекунем. Яъне аввал хоки қисми боло, сипас хоки миёна ва дар охир хоки қисми поёнро мегузорем. Инчунин ба хоки қисмати боло бояд 50-60 гр нуриҳои минералӣ ҳамроҳ намоем, ки барои инкишофи ниҳол муфид мебошад»,-изҳор дошт номбурда.

Ҳикматулло Назиров зикр дошт, ки “баландии ниҳол на камтар аз 1,20 ё 1,30 см, ғафсии танаи он 2-3 см буда, решаи он бояд се пойчаи реша ва решачаҳои ҷаббанда дошта бошад. Инро набояд фаромӯш сохт, ки пеш аз шинонидан ниҳолро 8 соат дар ширахок нигоҳ доштан лозим аст. Ширахокро мо аз порӯи ҳайвонот, нуриҳои минералӣ ва обу хок омода мекунем. Аҳамияти  ширахок он аст, ки системаи реша ва  вуҷуди онро бо об таъмин месозанд ва ниҳол тамоми ин ғизоро ба худ ҷаббида, гирифта, баъд аз шинонидани он зуд мутобиқ мегардад. Ба  замине, ки намнокии он муътадил бошад, 5 ё 6 литр об ва агар намнокӣ кам бошад, зиёда аз 10 литр об рехтанамон зарур аст».

Мутахассиси соҳаи кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров аз шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан  ва пас чанд муддат хушк шудани онҳо норозигӣ баён намуда, гуфт, ки «шинонидани ин гуна дарахтон аз ниҳолҳои мевадиҳанда фарқ дошта, кори нозук мебошад. Зимни шинонидани ин гуна ниҳолҳо бештари вақт қоидаҳои асосӣ риоя карда намешаванд. Дар мавриди шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз ҳаминро тавсия медиҳам, ки решаи ин гуна ниҳолҳоро бояд бо хокашон дар халтаҳои махсус ё пахтагин печонидан зарур аст. Зеро решаи онҳо хело нозук мебошад. Инчунин пеш аз шинонидани ин гуна дарахтон чуқурии онро на камтар аз 1 ё 1,5 метр канданамон лозим аст».

Тибқи  Агентии омори ҷумҳурӣ, то аввали моҳи ноябри соли равон дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 2184 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4 фоиз кам аст.

Аз масоҳати умумии боғҳо дар 933 гектар мевагиҳои тухмдор, дар 866 гектар мевагиҳои донакдор, дар 316 гектар мевагиҳои мағздор, дар 49 гектар меваи субтропикӣ ва дар 19 гектар меваҳои ситрусӣ шинонида шудаанд.

Аз миқдори умумии боғҳои нав 1694 гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шудаанд. Дар ҳамин давра 388 гектар токзори нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз зиёд аст. Ба ғайр аз ин 1795 гектар боғ ва 164 гектар токзор барқарор карда шудаанд.

 Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 21, 2020 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ICBC ва RAMP дар Вашингтон баррасӣ гардид
Ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
Дар ноҳияи Муъминобод кишти зироати кишоварзӣ идома дорад
НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ. Тоҷикистон ба мавҷи аккумуляторҳои истифодашудаи онҳо чӣ гуна омодагӣ мебинад?
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон дар самти моликияти зеҳнӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 39 созишномаю конвенсияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар боғи навбунёди Шуғнон 15 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонида шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ як зумра ихтироъкорони Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидорӣ 5,1 фоиз зиёд гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Малайзия бо дастовардҳо дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор шинос гардид
Байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика Протоколи муҳим ба имзо расид
Дар Душанбе доир ба масъалаи равишҳои инноватсионӣ дар соҳаи тиб ҳамоиш доир шуд