12 нафар занони ноҳияи Сангвор сазовори грантҳои президентӣ гардидаанд
САНГВОР, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2014 то соли 2020 12 нафар бонувони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Сангвор ба маблағи умумии 390 000 сомонӣ сазовори грантҳои президентӣ шудаанд. Дар айни замон ин бонувон ба фаъолияти гуногуни кишоварзию соҳибкорӣ машғул буда, зиёда аз 30 нафар занони дигарро бо ҷойи кор таъмин намудаанд. Дар ин бора мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сангвор Малоҳат Донаева ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Субҳониддини Маҳмуд хабар дод.
Бояд гуфт, ки ҳамасола ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна барои занони деҳоти ҷумҳурӣ грантҳои президентӣ ҷудо мегарданд, ки дар натиҷаи татбиқи дурусти онҳо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷойҳои нави кории зиёд пайдо мегарданд.
Шароити кӯҳистони ноҳияи Сангвор бештар ба фаъолияти занбӯрпарварӣ мутобиқ буда, 5 гранти президентӣ дар ноҳия ба ин самт равона шудааст.
Инчунин аз ҳисоби грантҳои президентӣ коргоҳи дӯзандагӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ, коргоҳи парвариши мурғи марҷон ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ, коргоҳи истеҳсоли шир ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ, корхонаи хурди мурғпарварӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ, коргоҳи тайёр кардани равған ва шарбат аз ангат ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва коргоҳи рушди ҳунарҳои мардумӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ бунёд гардидаанд.
Малоҳат Донаева мегӯяд, ки “мо, бонувони ноҳияи Сангвор кӯшиш менамоем, ки ба ғамхориҳои Сарвари давлат сазовор гардида, дар амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии мамлакат саҳми арзанда гузорем”.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






