ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҳисор се иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода се иншооти ҷашнӣ- бунгоҳи тиббӣ, толори варзишӣ ва ҳавзи варзишии замонавии болопӯшида дар маросими ботантана ба истифода дода шуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии сокинон мусоидат менамоянд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи навбунёди Ганҷрези шаҳраки Шарора аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳусейн Абдураҳмонов бунёд гардидааст. Муовини Сарвазир ва Раиси шаҳр зимни боздид аз иншоот ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дода, ташаббуси соҳибкор Ҳусейн Абдураҳмоновро ҷавонмардонаю хайрхоҳона унвон карданд. Барои ин иқдоми наҷиб соҳибкор бо Сипосномаи Раиси шаҳр сарфароз гардид.
Бунгоҳи тиббӣ аз ҳуҷра барои қабули беморон, эмгузаронӣ, доругузаронӣ ва момодоягӣ иборат буда, қаблан сокинони маҳалла барои ташхису табобат ва истифода аз ин намуд хизматрасониҳои тиббӣ 10-15 километр масофаро тай намуда, ба маркази ҷамоат ва ё шаҳр муроҷиат менамуданд.
Дар идомаи сафар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода дар деҳаи Ҳамдилони Ҷамоати деҳоти Навобод толори варзишӣ барои футболи хурд ва ҳавзи шиноварии замонавии болопӯшидаи иборат аз ҳуҷраҳо барои буғи хушк ва дигар хизматрасониҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкор Олим Ёров ба маблағи беш аз ним миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 7 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён зимни супоридани Сипосномаи раиси шаҳр ба соҳибкор ба волидайнаш, ки дар маросими ифтитоҳи бино иштирок доштанд, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд.











КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид






